Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин Қуръон аз дороиҳои арзишманди шайх Муҳаммад ибни Ҳамд Ал- Шарқӣ, валиаҳди Фуҷайраи Иморот аст, ки дар севумин ҷашнвораи «Бадр», ки дар маркази навоварии Фуҷайра дар ҳоли баргузорӣ аст, ба намоиш даромад.
Тақвияти фарҳанги ҳифзи ҳунарҳои исломӣ ва интиқоли он ба наслҳои оянда ҳадаф аз намоиши ин нусха аз Қуръони дастнавис эълом ва ин ҷашнвораи ҳунарӣ бо истиқболи густурдаи боздидкунндагон мувоҷеҳ шудааст.
Ҳамад Ал-Бағишӣ, дабири кулли ҷашнвора эълом кард: имсол ҷашнвораи Бадр дар Фуҷайра шоҳиди намоиши қуръонии нодир, ки хушнависони ҳирфаӣ тайи ҳашт сол дар 10 ҷилд онро китобат кардаанд, буд.
Вай афзуд: Ҳар ҷилд аз ин Қуръон, се ҷузъ дорад ва хушнависони моҳир дар он зебоиҳои хушнависии арабӣ ва тазъиноти исломиро нишон дода ва онро китобат кардаанд.
Ҳамад ал-Бағишӣ ҳамчунин баён кард: Ҳар ҷилд аз Қуръон аз назари хат ва тазъин мутафовит ва ин нусха аз назари навъи хат мунтабиқ бо давраҳои исломӣ, мунҳасир ба фард аст.
Вай гуфт: Ба унвони мисол ин нусхаи Қуръон бо хатти куфии ашриқӣ ва куфии мусҳафӣ бо ҷилди салҷуқӣ оғоз мешавад ва ҷилди дувуми он бо хатти сулси муҳаққиқ (аз хутути исломии) роиҷ дар давраи Мамлукӣ (мамолик) китобат шудааст.
Гуфтнӣ аст, ҷашнвораи Фуҷайра аз 12 сентябр оғоз шудааст ва то 26 сентябр идома дорад. Ин рӯйдод шомили барномаҳои мухталифе аз ҷумла барпоии коргоҳҳои ҳунарӣ барои алоқамандон ба ҳунарҳои исломӣ аст.