Ба гузориши ИКНА, сохти ин масҷид, ки аз калисо табдил шуд, дар соли 1927 шурӯъ шуд ва ба муддати ду сол ба тӯл анҷомид ва то соли 1971 ба унвони калисо хадамоти худро идома медод. Коҳиши теъдоди масеҳиёне, ки ба калисо меомаданд, боис шуд, ки ин сохтумон ба мурури замон ба унвони як фурӯшгоҳи тиҷорӣ ва анбори мавриди истифода қарор гирад.
Ин сохтумон дар ниҳоят мавриди бетаваҷҷӯҳӣ қарор гирифт. Сипас шаҳрвандони турктабори Нидерланд ва дар раъси онҳо Иброҳим Кӯрмоз, ин сохтумонро дар соли 1981 харидорӣ ва соли баъд онро ба масҷид табдил карданд ва аз он замон ин сохтумон шурӯъ ба ироаи хадамоти мазҳабии худ ба мусулмонон кард.
Ин бино дар соли 1986 ба вақфи умури мазҳабии Нидерланд пайваст ва аз он замон бо номи масҷиди Ал-Фотих хадамоти мазҳабӣ ироя мекунад. Масҷиди Ал-Фотих дар соли 2010 ба таври комил бозсозӣ шуд. Ин сохтумон дар зумраи осори таърихии Нидерланд табақабандӣ шуда ва мизбони гардишгарони ғайри мусулмон низ ҳаст.
Ин масҷид ба далели қарор гирифтан дар васати шаҳр тавонистааст боздидкунндагони зиёдеро ба худ ҷазб кунад. Гардишгарон метавонанд дар рӯзҳо ва соатҳои мушаххасе аз масҷиди Ал-Фотих боздид ва ҳамчунин метавонанд брашурҳои тавзеҳӣ дар бораи масҷидро дарёфт кунанд ва фурсате барои ошноӣ бо суннатҳои мазҳабӣ ва мероси фарҳангии Туркия дошта бошанд.
Ин масҷид ба баргузории маҷмӯаи густурдае аз фаъолиятҳо аз ҷумла маросими ибодӣ, фаъолиятҳои омӯзишӣ, фаъолиятҳои бонувон ва бисёре аз хадамоти мазҳабиро идома медиҳад. Ҳамчунин мушорикати масҷид дар проекти «бузургтарин музаи Нидерланд» бо ҳадафи густариши хадамоти ироашуда ва густариши шӯҳрати он дар байни мусулмон ва ғайри мусулмонон дар ҳоли анҷом аст. Дар чорчуби ин проект, брашурҳои матнӣ ва тасвирӣ дар робита бо масҷид ба забонҳои нидерландӣ, англисӣ, арабӣ ва туркӣ низ таҳия шудааст.