IQNA

Бузургтарин ҷашнвораи ғизои ҳалоли ҷаҳон дар Лондон баргузор мешавад

19:51 - September 24, 2024
рақами хабар: 2161
ИКНА - Пойтахти Биритания барои нӯҳумин сол мизбони бузургтарин ҷашнвораи ғизои ҳалоли ҷаҳон хоҳад буд, ки авохири моҳи ҷории мелодӣ (сентябр) баргузор мешавад.

Ба гузориши Араб Нюз, нӯҳумин ҷашнвораи ғизои ҳалоли ҷаҳон (The World Halal Food Festival) авохири сентябр дар Лондон баргузор мешавад.

Баргузоркунандагони ин ҷашнвора, ки бо унвони таъмҳои маҳаллии (Local Flavors) баргузор мешавад умедворанд имсол беш аз 20 ҳазор нафар аз ин ҷашнвора боздид кунанд. Ҷашнвораи ҷаҳонии ғизои ҳалол аз 28 то 29 сентябр дар стадиюми Лондон (London Stadium) баргузор мешавад ва тайфи густурдае аз ғизоҳои саросари ҷаҳонро ба намоиш мегузорад.

Ин рӯйдод дорои мизбони фурӯшндагон, сарошпазҳо ва ғурфаҳои маводди ғизоӣ аст, ки намояндаи кишварҳои монанди Покистон, Туркия, Марокаш, Индонезия ва ғайра ҳастанд ва ба таври сахтгирона ва бо диққат интихоб шудаанд.

Валид Ҷаҳонгир, мудири ин барнома ба афзоиши тақозо барои маҳсулоти дорои гувоҳии ҳалол бо афзоиши ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон ишора кард. Ҷаҳонгир гуфт: Алоқаи рӯзафзун ба манобеи ғизоии ахлоқӣ, пойдор ва бокифият натанҳо масрафкунандагони мусулмон, балки мардуми аз ҳар динеро ба самти ғизоҳои ҳалол ҷазб кардааст.

Яке дигар аз мавориди изофа шуда дар соли ҷорӣ, намоиши ошпазии сарошпази машҳур аст, ки тавассути Шелина Пермало, ошпази мавританияӣ табор мизбонӣ мешавад. Вай ба хотири ҳузураш дар барномаи «Ошпази бо ситораҳо» дар ITV шинохта мешавад. Соири сарошпазҳои бартар дар ин барнома ошпазии таомулӣ ба ӯ мулҳақ хоҳанд шуд. Пешбинӣ мешавад афроди машҳуре монанди Нодиё Ҳусайн ва Бегзу ва ҳамчунин ҷамъе аз бозигарони машҳур дар ин маросим ҳузур дошта бошанд.

Ин ҷашнвора имконоти хонаводагии худро бо эҷоди як минтақа ва бозори бузурги вижаи кӯдакон густариш додааст. Ҳамчунин бо ҳамкории ширкати Our Future Health як клиники саломати саёр дар маҳал доир мешавад ва ба ширкаткунандагон ин фурсатро медиҳад то озмоиш бидиҳанд ва аз вазъияти саломатии худ бохабар шаванд. 

Ҷашнвораи таъмҳои маҳаллӣ бар тавлидкунандагони маводди ғизоии дастсоз тамаркуз хоҳад кард ва ба таҳиякунндагони онҳо бистаре медиҳад то маҳсулоти худро ба ҳазорон боздид кунандаи ҷашнвора, ки муштоқи кашфи таъмҳои ҷадид ҳастанд арза кунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4238380

captcha