Ба гузориши Алҷазира, ин ҷашнвора дирӯз панҷшанбе бо мушорикати шумори зиёде аз уламои ҷаҳони Ислом аз ҷумла шайх Содиқ Ғарёнӣ, муфтии Либия ва ҳамчунин садҳо нафар аз шаҳрвандони Истамбул ва ақаллияти Араби муқими Истамбул оғоз ба кор кард.
Ширкаткунандагон дар ин маросим бо баргузории ду ракъат намоз барои ёрии мардуми Ғазза ва рафъи муҳосираи Навори Ғазза даст ба дуо бардоштанд.
Ин маросим ба ҳиммати теъдоде аз ниҳодҳои уламои мусулмони саросари ҷаҳон ва бо ҳамкории ҳайати уламои Фаластин, бо ҳадафи ваҳдати мусулмонон дар ҷиҳати ҳимоят аз ормони Фаластин ва ҳимояти моддӣ ва маънавӣ аз миллати Фаластин ва Ғазза баргузор шудааст.
Суханронони маросим дар суханони худ бар зарурати идомаи пойдории миллати Фаластин алайҳи ишғолгарони саҳюнист ва аҳамияти ҳимоят аз мардуми Ғазза ва меҳвари муқовимат таъкид карданд.
Навоф Такраварӣ, раиси ҳайати уламои Фаластин дар суханоне бо ишора ба гузашти як сол аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо бар пойдории миллати Фаластин алайҳи режими ишғолгари саҳюнистӣ, ки тайи як соли гузашта чизе ҷуз куштор ва вайронӣ дар Ғазза ба бор нёвардааст, таъкид кард.
Вай аз ҳамаи ҷавонон дар саросари ҷаҳон хост то дар масири муҷоҳидони Ғазза ҳаракат кунанд.
Шайх Эҳсонҷон Авшак аз Туркия низ бо тамҷид аз пойдории мардуми Ғазза гуфт: Мардуми Ғазза таърихи ҷадиде сабт карданд ва ба ҷаҳониён собит карданд, ки мусулмон вақте бо Худованди Мутаол аст таслими золимон намешавад балки онҳоро маҷбӯр ба зону задан мекунад.