Ба гузориши расонаҳои хабарии минтақа, ҳамалоти ҷангандаҳои ваҳшии саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифе аз Зоҳияи Бейрут, шарқ ва ҷануби Лубнон идома дорад.
Расонаҳои маҳаллӣ дар Лубнон бомдоди имрӯз гузориш доданд, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ минтақаи Ал-Шабриха дар шимоли Савр, шаҳракҳои Маърака ва Ал-Бурҷи шимолӣ, Айн Баол ва Ас-Самоия дар ҷануби Лубнон ва Ториё, Ан-Набӣ Шият ва Ҷаннато дар Бақои шарқиро бомбаборон карданд.
Аз сӯи дигар, шабакаи хабарии Ал-Маёдин аз тадовуми ҳамалоти режими ишғолгари саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Лубнон хабар додааст.
Шабакаи Ал-Маёдин гузориш дод, ки режим палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ шаҳрҳои Ас-Сафрӣ ва Саръин дар ҷануби Баълабакро ҳадаф қарор додаанд.
Режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ илова бар ин ҳамчунон дар ҳоли ҳамла дар минтақаи Зоҳия ба вижа Ал-Ҳадс ва Лилакӣ дар ҷануби Бейрут аст.
Илова бар ин, гузоришҳое аз ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои режими кӯдаккуши Исроил ба минтақаи «Ал-Ҳуш» дар наздикии «Сувр» мунташир шудааст.
Дар идомаи табодули оташ миёни Лубнон ва Телавив, расонаҳои режими ҷинояткори саҳюнистӣ низ гузориш додаанд гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон баъд аз ҳамла ба минтақаи Зоҳия дар Бейрут 65 ракет ба самти шаҳракҳои шимолӣ дар Фаластини ишғолӣ шиллик кардааст.
Бар асоси гузориши Таймзи ибрӣ, Ҳизбуллоҳи Лубнон ба фосилаи кӯтоҳе баъд аз соати 22 ба вақти маҳаллӣ дасти кам 30 мушак ба самти Сафд шиллик кард.
Дар айни ҳол, мақомҳои режими саҳюнистӣ гуфтаанд, ки дасти кам 2 ракет ба ҳадаф исобат кард ва боиси эҷоди хисоратҳои шадид шуд.
Видеоҳо ва тасовири мунташиршуда дар фазои маҷозӣ талоши оташнишонҳо барои хомуш кардани оташро нишон медиҳад.
Дар идома, муқовамати Лубнон аз ҳадаф қарор додани шаҳраки ишғолии Кериёт Шамуна бо анбӯҳе аз мушакҳои Фалақи ду хабар дод.
Бархе гузоришҳои хабарӣ ҳокист ҳамзамон бо ҳошияи ҷанубии Бейрут, ҷангандаҳои ишғолгарон атрофи Баълабак дар шарқи Лубнонро низ дар се навбат ҳадафи ҳамлаи шадид қарор додаанд.
Иддаои тозаи Исроил дар бораи террори фармондаҳи ягони мушакии Ҳизбуллоҳ
Режими палид ва ҷинояткори Исроил дар идомаи фазосозии расонаии зидди мақовимат муддаӣ шуда, ки дарҳамалоти ахир ба Зоҳияи Лубнон фармондеҳ ва муовини ягони мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнонро террор кардааст, иқдоме, ки ҳанӯз аз сӯи ҳеҷ як манобеи расмии Ҳизбуллоҳ таъйид нашудааст.
Ба гузориши манобеи маҳалли, режими саҳюнистӣ дар идомаи ҳамалоти имрӯзи мушакӣ ва расонаии худ ба манотиқи мухталифе аз Лубнон иддаоҳои тозае барои фишор ба ҷабҳаи муқовимати исломии Лубнон содир кард.
Артиши ваҳшии режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз дар ҳамалоти ваҳшиёнаи худ ба минтақаи Зоҳия дар ҷануби Бейрут талош кард то фармондеҳи ягони паҳподии муқовимати исломии Лубнонро ба шаҳодат бирасонад, иқдоме, ки ҳанӯз аз сӯи ҳеҷяк аз манобеи расмии Ҳизбуллоҳи Лубнон таъйид нашудааст.
Алҷазира гузориш дод, ки артиши ишғолгарон муддаӣ шуда, ки фармондеҳ ва муовини ягони мушакии Ҳизбуллоҳро дар ҳамлаи мушакии ахир ба Зоҳияи Бейрут ба шаҳодат расондааст.
Пеш аз ин низ шабакаи хабарии Алҷазира гузориш дода буд, ки режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ барои ҳаштумин бор ба Зоҳияи Бейрут ҳамла кардааст.
https://tajikpress.com/2024/09/28/