IQNA

Омодабоши сафоратхонаҳои режими саҳюнистӣ дар саросари ҷаҳон

18:47 - September 28, 2024
рақами хабар: 2181
ИКНА - Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ аз эъломи ҳолати изтирорӣ ва омодабош дар сафоратхонаҳои ин режим дар саросари ҷаҳон дар пайи ҳамлаи дирӯз ҷумъа ба Бейрут хабар дод.

Ба гузориши Ал-Олам, шабакаи амрикоӣ NBC News ба нақл аз як мақоми исроилӣ гузориш дод: Пешбинии мо ин аст, ки Ҳизбуллоҳ талош хоҳад кард, ки пас аз ҳамла ба мақарри фармондеҳии он, даст ба ҳамлаи интиқомҷуёна ба Исроил бизанад.

Ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ шомгоҳи ҷумъа маҳаллоти маскунии минтақаи Ҳора Ҳарик дар Зоҳияи Бейрутро ба шиддат ва ба сурати паёпай бомбаборон карданд. Артиши режими саҳюнистӣ иддао кард, ҳадафи ин ҳамалот, маркази фармондеҳии аслии Ҳизбуллоҳ будааст.

Канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ дар ин бора эълом кард бар асоси гузоришҳо, Бейрут ба шиддат бомбаборон шуда ва шанидаҳо ҳокӣ аз террори як шахсияти муҳим аст.

Хабаргузории Фаластинии Само ниюз низ дар ин бора гузориш дод, ки артиши режими ишғолгар ва ҷинояткори, 10 бор зоҳияи ҷанубии Бейрутро бомбаборон кард.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ ҳам дар ин бора иддао кард, ки ин режим мақарри марказии Ҳизбуллоҳ дар зери сохтумонҳои маскунӣ дар қалби Зоҳияи ҷанубии Бейрутро бомбаборон кардааст.

https://iqna.ir/fa/news/4239099

captcha