IQNA

Паёми имом Хоманаӣ ба муносибати шаҳодати сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли шаҳиди Ҳизбуллоҳи Лубнон

20:23 - September 28, 2024
рақами хабар: 2184
Дунёи Ислом шахсияти боазамат ва ҷабҳаи муқовимат парчамдори барҷаста ва Ҳизбуллоҳи Лубнон раҳбари камназирро аз даст дод, вале баракоти тадбиру ҷиҳоди чанд даҳсолаи ӯ ҳаргиз аз даст нахоҳад рафт. 

بسم اللّه الرحمن الرحیم 
انا للّه و انا الیه راجعون 
Миллати азизи Эрон
Уммати бузурги исломӣ
Муҷоҳиди кабир, парчамдори муқовимат дар минтақа, олими бофазилати динӣ ва раҳбари мудаббири сиёсӣ ҷаноби сайид Ҳасан Насруллоҳ (Ризвонуллоҳи алайҳ) дар ҳаводиси дишаби Лубнон ба файзи шаҳодат ноил омад ва ба малакут парвоз кард. 
Сайиди азизи муқовимат подоши даҳҳо сол ҷиҳоди фи сабилиллоҳ ва душвориҳои онро дар хилоли як пайкори муқаддас дарёфт кард. Дар ҳоле шаҳид шуд, ки саргарми тарроҳӣ барои дифоъ аз мардуми бепаноҳи Зоҳияи Бейрут ва хонаҳои вайроншуда ва азизони пар-паршудаи онон буд, ҳамчунон ки даҳҳо сол барои дифоъ аз мардуми ситамдидаи Фаластин ва шаҳру рустои ғасбшуда ва хонаҳои тахрибшуда ва азизони қатли омшудаи онон тарроҳӣ ва тадбиру ҷиҳод карда буд. Файзи шаҳодат пас аз ин ҳама муҷоҳидат ҳақи мусаллами ӯ буд.
Дунёи Ислом шахсияти боазамат ва ҷабҳаи муқовимат парчамдори барҷаста ва Ҳизбуллоҳи Лубнон раҳбари камназирро аз даст дод, вале баракоти тадбиру ҷиҳоди чанд даҳсолаи ӯ ҳаргиз аз даст нахоҳад рафт. 
Асосе, ки ӯ дар Лубнон поягузорӣ кард ва ба дигар марокизи муқовимат ҷиҳат бахшид, бо фуқдони ӯ на танҳо аз миён нахоҳад рафт, ки ба баракати хуни ӯ ва дигар шаҳидони ин ҳодиса истеҳкоми бештар хоҳад ёфт. 
Заработи ҷабҳаи муқовимат бар пайкари фарсуда ва рӯ ба заволи режими саҳюнӣ, ба ҳавлу қувваи илоҳӣ кӯбандатар хоҳад шуд. Зоти палиди режими саҳюнӣ дар ин ҳодиса ба пирӯзӣ даст наёфтааст.
Сайиди муқовимат як шахс набуд, як роҳ ва як мактаб буд ва ин роҳ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Хуни шаҳид сайид Аббоси Мӯсавӣ бар замин намонд ва хуни шаҳид сайид Ҳасан ҳам бар замин нахоҳад монд.
Инҷониб, ба ҳамсари гиромии сайиди азиз, ки пеш аз ӯ фарзандаш сайид Ҳодиро низ дар роҳи Худо дода ва ба фарзандони гиромияш ва ба хонаводаҳои шаҳидони ин ҳодиса ва ба якояки афроди Ҳизбуллоҳ ва ба мардуми азизу мақомоти олияи Лубнон ва ба саросари ҷабҳаи муқовимат ва ба маҷмуи уммати исломӣ шаҳодати Насруллоҳи бузург ва ёрони шаҳидашро табрику таслият арз мекунам ва дар Эрони исломӣ панҷ рӯз азои умумӣ эълом менамоям. Худованд ононро бо авлиёаш маҳшур фармояд.
Вассалому ало ибодиллоҳис-солеҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
7/07/1403 ҳ.ш.
28/09/2024 м.

captcha