Ба гузориши ИКНА, маросими ихтитомияи сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии қуръонии кишвари Хорватия шаби гузашта бо муаррифии нафароти бартари ин рӯйдод дар ду риштаи қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръони Карим ба кори худ поён дод ва ҳосили амалкарди ду намояндаи кишвари Эрон дар ин мусобиқот дарёфти як рутбаи севум буд.
Бар ҳамини асос Юсуф Ҷаъфарзода, намояндаи кишвари Эрон дар риштаи қироати таҳқиқ баъд аз намояндагони кишварҳои Туркия ва Индонезия муваффақ ба дарёфти рутбаи севум шуд, аммо Маҳдии Маҳдавӣ, ширкаткунандаи риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим бо вуҷуди иҷрои мусаллате, ки дошт, аммо натавонист рутбаеро барои кишвари Эрон ба даст биёварад.
Сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии қуръонии кишвари Хорватия аз панҷуми меҳрмоҳ дар шаҳри Загреб оғоз шуд ва шаби гузашта ба поён расид.
Мусобиқоти байналмилалии қуръони кишвари Хорватия дар ду риштаи ҳифзи кул ва қироати таҳқиқ баргузор мешавад, дар чанд соли гузашта ҳамвора ба сурати як сол дар миён як қорӣ ё ҳофизи кулли Қуръони Қарим ба намояндагӣ аз кишвари Эрон ба ин рӯйдод эъзом мешуд, аммо имсол ду ширкаткунанда эъзом шуд.