Ба гузориши шабакаи хабарии Ал-Олам, гумоназаниҳои бархе таҳлилгарон нишон медиҳад, ки оятуллоҳ шайх Муҳаммад Язбек, аз барҷастатарин уламо ва муҷтаҳидони шиъаи Лубнон; Шайх Наим Қосим, қоиммақоми дабири кулли Ҳизбуллоҳ ва аз чеҳраҳои қадимии ҷараёни сиёсии шиъа дар Лубнон, ё Сайид Ҳошим Сафиюддин муовини иҷроии ҳизб ва аз чеҳраҳои қадимии муқовимат, гузинаҳои ҷойгузинии Сайиди шаҳид Ҳасан Насруллоҳ бошанд.
Таҳлили расонаҳои арабӣ ва саҳюнистӣ дар хсуси ҷойгузинии Сайид Ҳасан Насруллоҳ
Бо вуҷуди онки Ҳизбуллоҳи Лубнон нисбат ба гумоназании расонаҳо вокуниш нишон надодааст, аммо расонаҳои арабӣ Сайид Ҳошим Сафюддинро гузинаи аслии ҷойгузинии шаҳиди муқовимат «Сайид Ҳасан Насруллоҳ» муаррифӣ мекунанд.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи нозирон, аз миёнии номзадҳои эҳтимолӣ барои ҷонишинии шаҳид Ҳасан Насруллоҳ, Ҳошим Сафюддин аз бисёре ҷиҳот аз ҷумла зоҳир ва наҳваи сӯҳбат карданаш ба Ҳасан Насруллоҳ шабоҳат дорад.
Чӣ онки расонаҳои исроилӣ ҳам, чун Едиот Аҳаранот низ чунин пешбинӣ доранд ва ин расона бо интишори хабаре навишт, ки эҳтимоли зиёде дода мешавад Ҳошим Сафюддин, марди шумораи дуи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар замони фармондеҳии Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ки равобити наздике низ бо Ҳумҳурии Исломии Эрон дорад, раҳбарии ин гурӯҳро бар ӯҳда бигирад.
Сайид Ҳошим Сафюддин кист?
Ба навиштаи ин расона, Ҳошим Сафюддин токунун бар системи омӯзишӣ ва умури молии Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҷумла сармоягузории ин гурӯҳ барои «таъмини молии фаъолиятҳо» назорат доштааст.
Ӯ аз соли 2017 дар феҳрист ба истилоҳи сиёҳи Амрико қарор дорад. Бино бар навиштаи расонаҳои исроилӣ, Ҳошим Сафюддин, ки раиси шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳ буда, дар ҳамлаи рӯзи ҷумъаи режими палид ва ҷинояткори Исроил ба паноҳгоҳи Ҳизбуллоҳ зинда монда ё асосан дар он маҳал ҳузур надоштааст.