IQNA

Пентагон: Амалиёти Эрон 2 баробар бузургтар аз ҳамлаи қабл буд

7:41 - October 02, 2024
рақами хабар: 2201
Вазорати дифои Амрико дар баёнияе эълом кард: “Амалиёти мушакии Эрон алайҳи Исроил, 2 баробар васеътар аз амалиёти пешини ин кишвар буд.”

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон шомгоҳи сешанбе ва дар баёнияе аз ҳадаф қарор додани қалби Исроил дар посух ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ хабар дод.
Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид низ дар ин росто, дар баёнияе эълом кард: Посухи ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва қонунии Эрон ба иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани шаҳрвандон ва манофеи Эрон ва таҷовуз ба ҳокимияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт.
Дар ҳамин росто, Вазорати дифои Амрико дар баёнияе эълом кард, ки амалиёти мушакии Эрон алайҳи режими Исроил 2 баробар густардатар аз амалиёти Ваъдаи содиқ будааст.
Пентагон ҳамчунин дар баёнияи худ, дигарбора ҳимояти худ аз режими Исроилро иброз ва эълом кард: “Амрико дар канори Исроил ва ҳаққи дифои қонунии он дар баробари ҳамлаи густардаи Эрон истодааст.”
Ин вазоратхона ҳамчунин муддаӣ шуд ва эълом кард: “Дар муқобила бо мушакҳои Эрон, аз ҳеҷ таслеҳот ва неруи амрикоӣ ҷуз киштиҳои ҷангии неруи баҳрии Амрикои ҳозир дар минтақа истифода нашудааст.”
Пентагон ҳамчунин зимни таъйиди баёнияи намояндагии Эрон дар Созмони Милал эълом кард, ки пеш аз ҳамла, ҳеҷ гӯна ҳушдор ва паёме аз сӯи Эрон дарёфт накардааст.
Сухангӯи Вазорати дифои Амрико ҳамчунин дар изҳороти ҷудогонае хостори таваққуфи ҳамалоти баъдии Эрон ба Исроил шуд.
Пештар, намояндагии Эрон дар СММ эълом кард: Амрико ҳеҷ итилое пеш аз посухи мо ба режим саҳюнистӣ дарёфт накардааст.
Намояндагии Эрон дар СММ дар посух ба саволи расонаҳои амрикоӣ перомуни ин ки оё пеш аз посух, Амрикоро аз иқдоми худ огоҳ карда будем ё не, эълом кард: Амрико ҳеҷ иттилое пеш аз посухи мо дарёфт накарда; аммо пас аз он, ҳушдори ҷиддӣ дода шудааст.
Пештар аз ин, Ройтерс ба нақл аз як мақоми эронӣ иддао карда буд, Эрон дар фосилаи кӯтоҳе пеш аз оғози амалиёт, ба Амрико аз тариқи каналҳои дипломатик ҳушдор дода буд.

https://tajikpress.com/2024/10/02/

captcha