Ба гузориши ТоҷикПресс, бар асоси тасовири нашр шуда дар расонаҳо, мардуми Ғазза ва дигар кишварҳои исломӣ пас аз мушоҳидаи амалиёти мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи "Ваъдаи Содиқи - 2" дар посух ба ҷиноятҳои ахири режими палид ва кӯдаккуши Исроил дар хиёбонҳо ба ибрози шодмонӣ пардохта ва аз ин иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят карданд.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар баёнияе эълом кард, дар посух ба шаҳодати Исмоил Ҳания, роҳбари Ҳамос, сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва шаҳид Аббоси Нилфурӯшон, машваратчии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лубнон қалби Исроилро ҳадаф гирифтем.
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ҳамчунин эълом кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон се пойгоҳи низомии режими кӯдаккуши Исроил дар атрофи Тел-Авив, пойтахти Исроилро ҳадаф қарор додааст.
https://tajikpress.com/2024/10/02/