IQNA

Мушорикати 20 кишвар дар ҳамоиш ва намоишгоҳи байналмилалии Ҳалоли Боку

20:51 - October 04, 2024
рақами хабар: 2212
ИКНА - Ҳамоиш ва намоишгоҳи байналмилалиои тиҷорат ва гардишгарии Ҳалол, ҳафтаи оянда бо мушорикати 20 кишвар дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мешавад.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Озар-ниюз, бинобар эъломи идораи тавсеаи касб ва корҳои кӯчак ва мутавассити Ҷумҳурии Озарбойҷон (SBA), ҳамоиши тиҷорат ва гардишгарии Ҳалоли Озарбойҷон дар Боку аз 8 то 9 октябр баргузор мешавад. 

Ин ҳамоиши ду рӯза бо ҳадафи тақвияти мушорикатҳои ҷадид дар сармоягузорӣ ва тиҷорат, тасҳили табодули идаҳо ва таҷрибиёт ва тарвиҷи сармоягузории хориҷӣ дар Озарбойҷон баргузор мешавад.

Ин рӯйдод шомили як конфронс ва як намоишгоҳ хоҳад буд, ки бахшҳое монанди ғизо, гардишгарӣ ва умури молӣ дар канори баҳс ва табодули назар дар мавриди стандартсозӣ дар ин заминаҳоро шомил мешавад.

Дар намоишгоҳи Боку панелҳо ва намоишгоҳҳое, ки маҳсулот ва хадамоти Ҳалоли Озарбойҷон ва дигар кишварҳоро ба намоиш мегузоранд низ баргузор хоҳад шуд.

Дар ин ҳамоиш мақомот, коршиносон ва раҳбарони тиҷорӣ аз ҳудуди 20 кишвар, ки намояндагии созмонҳо ва ширкатҳои мухталифро бар ӯҳда доранд гирди ҳам меоянд.

Ин рӯйдод аз сӯи вазорати иқтисоди Озарбойҷон, идораи давлатии гардишгарии (KOBIA) ва бо ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла созмони ҳамкории исломии (OIC), анҷумани байналмилалии бозаргони исломӣ ва теъдоди дигар аз ниҳодҳои марбута баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4240389

captcha