Ба гузориши шабакаи байналмилалии Ал-Ҷазоир, оятуллоҳи Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон бо ишора ба ин ки сиёсати мустакбирон ва зӯргуён бар асоси тафриқа афканӣ ва ихтилоф байни мусулмонон аст, афзуданд: Ҳар миллате ҳақ дорад, ки аз сарзамин ва ҳокимияти худ дар баробари ишғолгарон ва ғосибони дифоъ кунад.
Ин шабакаи Ал-Ҷазоирӣ ба нақл аз раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон идома дод: Душмани уммати исломӣ ҳамон душмани мардуми Фаластин ва Лубнон ва Яман аст.
Шабакаи Ал-Аҳди Лубнон низ ба нақл аз ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ афзуд: Касоне, ки ба мардуми Фаластин кумак мекунанд, вазифаи динии худро анҷом медиҳанд ва ҳеҷ кас наметавонд мӯътариз шавад, ки шумо чаро аз Ғазза дифоъ мекунед.
Ал-Аҳд изофа кард: Имом Хоманаӣ, амалиёти Тӯфони Ал-Ақсоро ҳаракати мантиқӣ ва саҳеҳ ва ҳаққи миллати Фаластин дониста ва фармуданд, ки дифоъи шуҷоъонаи мардуми Лубнон аз мардуми Фаластин машрӯъ ва қонунӣ аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад аз дифоъ ва ҳимояти онҳо аз Ғазза интиқод кунад.
Ал-Аҳд афзуд: Имом Хоманаӣ бо ишора ба посухи мушакии ахири Эрон ба режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ афзуданд, ки дар анҷоми ин вазифа на маътал мешавем ва на аҷала мекунем.
Ал-Аҳд ҳамчунин изофа кард, ки имом Хоманаӣ амалиёти мушакии ахири Эрон алайҳи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистиро шаръӣ ва қонунӣ донистанд.
Шабакаи Ал-Маёдин низ бо бозтоби баёноти раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Оятуллоҳи Хоманаӣ бо ишора ба талоши душманони Ислом барои эҷоди тафриқа байни кишварҳои исломӣ афзуд, ки имрӯз миллати Ислом огоҳ шуда ва метавонад бар ин нақшаҳои душманони мусулмонон ғалаба кунад.
Созмони радио ва телевизиони Сурия низ афзуд: Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба ин нукта ишора карданд, ки сиёсати душманони Ислом бар асоси тафриқа афканӣ ва низоъ байни мусулмонон аст ва фармуданд, ки душманони уммати исломӣ ҳамон душманони Лубнон ва Фаластин ва Эрон ва Сурия ҳастанд.
Шабакаи Ал-Ғади Ироқ низ бо пахши суханронии раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон изофа кард: Имом Хоманаӣ фармуданд, ки барои дифоъ аз уммати исломӣ аз Афғонистон то Яман ва аз Эрон то Ғазза ва Лубнон бояд камарбанди дифоъии худро бибандем.
Шабакаи Ал-Ҷазираи Қатар низ афзуд: Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Эрон, дифои Ҳизбуллоҳ аз Ғазза ва ҳимояти он аз Масҷидулақсоро хидмати ҳаётӣ ба кулли минтақа донист ва афзуд: Ҳар зарбае, ки ба режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ ворид шавад хидмат ба минтақа ва ҳамаи башарият аст.
Ал-Масира: Муқовимат бо шаҳодати фармондаҳонаш ақибнишинӣ намекунад
Шабакаи ямании Ал-Масира имрӯз дар гузориши худ дар иртибот бо маросими намози ҷумъаи Теҳрон, ин қисмат аз баёноти раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эронро бозтоб дод, ки таъкид фармуданд: Муқовимат ҳаргиз бо шаҳодати фармондаҳонаш ақибнишинӣ нахоҳад кард ва пирӯзӣ ҳамвора ёр ва ёвари муқовимат хоҳад буд.
Шабакаи NTV Туркия: Эрон иқтидорашро ба намоиш гузошт
Хабарнигори шабакаи NTV Туркия гузориш дод: Мо ҳузури беназири мардум дар намози ҷумъаи Теҳронро шоҳид ҳастем. Оятуллоҳ Хоманаӣ хутбаҳои зафар ва пирӯзӣ эрод кард.
Хабаргузории Фаронса (Агентии Франс Пресс) дар бозтоби суханронии раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон чунин титар зад: Раҳбари Эрон ҳини суханронӣ пас аз ҳамла ба Исроил аслиҳае канори худ дошт.
Ин хабаргузорӣ афзуд: [оятуллоҳ] Хоманаӣ дар аввалин суханронии худ тақрибан дар 5 соли ахир барои ҳазорон намозгузор, ки тасовире аз раҳбари фақиди меҳвари муқовимат ва тасовире алайҳи Амрико ва Исроил дар даст доштанд ба эроди суханронӣ пардохт.
Вебгоҳи Фаластинии Шиҳоб нюз гузориш дод: Мардуми Эрон дар намози ҷумъаи имрӯз, ки дар он маросими бузургдошти шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ баргузор мешавад, мушорикати азиме доштанд.
CNN бо ишора ба ҳузури раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар намози ҷумъаи ин ҳафта, дар таъкиди аҳамияти он навишт: Охирин ҳузури оятуллоҳ Хоманаӣ дар намози ҷумъаи Теҳрон баъд аз шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ ва ҳамла ба пойгоҳи Айнул-Асад буд.
Хабаргузории Рейтер низ ба сурати зинда ва лаҳзаӣ суханронии раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, оятуллоҳ Хоманаиро пӯшиш дод.
Хабаргузории Рейтер бо қарор додани барчасби зиндаи (Live) фарозҳое аз суханронии раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, оятуллоҳ Хоманаиро дар намози ҷумъаи Теҳрон пӯшиш дод.
Ин хабаргузорӣ чандин нуктаи суханронии ояткллоҳ Хоманаиро бад-ин шарҳ дар конуни таваҷҷуҳоти худ қарор додааст:
-Раҳбари олии Эрон гуфт, ки кишварҳои мусулмон душмани муштараки доранд.
-Бояд камарбанди дифоъ ва истиқлолро дар ҳамаи кишварҳои исломӣ аз Афғонистон то Яман маҳкам бибандем.
-Миллати Фаластин ҳақ дорад дар баробари душмане, ки зиндагии ӯро табоҳ карда боистад.
Бозтоби густурдаи хутбаҳои раҳбари олии Эрон дар расонаҳои покистонӣ
Шабакаҳои хабарии Покистон бо қатъи барномаҳои оддии худ иқдом ба пахши зиндаи хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо суханронии раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон карданд.
Расонаҳои покистонӣ бар ин масъала мутамаркиз шуданд, ки раҳбари Инқилоби Эрон бар тадовуми ҳимоятҳои қотеъ аз Фаластин ва ҷабҳаи муқовимат таъкид карда ва аз омодагии комили неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тақобули бо ҳаргуна таҷовузи режими хабис ва кӯдаккуши саҳюнистӣ хабар доданд.