IQNA

22:36 - October 06, 2024
рақами хабар: 2220

Мақомоти амрикоӣ: Аз муваффақияти Ҳамос дар рӯзи 7 октябр дар шигифтем

ИКНА - Мақомоти иттилоотии Амрико гуфтаанд, ки ҷунбиши исломии Ҳамос, барои анҷоми амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо солҳо барномарезӣ кардааст.

Мақомоти амрикоӣ: Аз муваффақияти Ҳамос дар рӯзи 7 октябр дар шигифтем

 Ба гузориши хабаргузории шабакаи Алҷазира, Тӯфони Ал-Ақсо мӯҷиби шигифтии мақомоти амрикоӣ шудааст.
Нашрияи “Politico” ба нақл аз мақомоти иттилоотии Амрико гузориш дод, ки онҳо аз муваффақияти ҷунбиши исломии Ҳамос дар анҷоми ҳамлаи рӯзи 7 октябр (Тӯфони Ал-Ақсо) шигифт зада шудаанд.
Ин мақомоти иттилоотии Амрико дар ин бора эълом карданд, ки барномарезӣ барои ҳамлаи рӯзи 7 октябр моҳҳо ва шояд солҳо замон бурдааст.
Нашрияи “Politico” бо санад ва далел гуфта мақомоти иттилоотии Амрико навишт, ки аъзои Конгресси ин кишвар хостори посух дар мавриди адами таваҷҷуҳи режими саҳюнистӣ ба ҳамлаи рӯзи 7 октябр шуданд.
https://tajikpress.com/2024/10/07/

captcha