IQNA

Ҳамос: Тӯфони Ал-Ақсо посухи табиӣ ба тавтиаҳои душман буд

23:06 - October 07, 2024
рақами хабар: 2227
ИКНА - Ҷабҳаи муқовимати Ғазза дар солгарди Тӯфони Ал-Ақсо тайи баёнияе ҳадафи иҷрои ҳамлаи 7 октябрро посухи табиӣ ба тавтиаҳои душман эълом ва таъкид кард, ки бар таваққуфи ҷанг ва хуруҷи душмани ишғолгар аз Ғазза исрор дорем.  

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷунбиши муқовимати исломии Ғазза, Ҳамос дар баёнияе ба муносибати солрӯзи оғози амалиёти Тӯфони Ал-ақсо шаҳодати ҳазорон нафар аз миллати Фаластин ва раҳбарони муқовимат аз ҳамлаи шаҳид Исмоил Ҳания, шаҳид Солеҳ Ал-Арурӣ ва дигар шаҳидони уммат ва ҷабҳаҳои пуштибони Ғазза аз ҷумла шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва дигар раҳбарону фармондиҳони Ҳизбуллоҳро табрику таслият гуфт.
Ин ҷунбиш дар баёнияи худ бар мавридҳои зер таъкид кард:
Ҳафтум октябр як марҳилаи муборизаи таърихӣ ва посухи табиӣ ба тарҳҳову нақшаҳои душмани саҳюнистӣ барои нобудии ормони миллии Фаластин буд.Тайи як сол, душмани нозии саҳюнистӣ ваҳшиёнатарин ҷиноёт ва кушторҳоро муртакиб шуда ва даст ба наслкушӣ алайҳи миллати Фаластин задааст.Сабри миллати бузурги Фаластин ва ҳимоят аз муқовимат, сахраи мустаҳкаме аст, ки тамомии нақшаҳои душман дар баробари он дар ҳам шикастааст.Террорҳои ноҷавонмардона ва буздилонаи душмани саҳюнистӣ алайҳи раҳбарону сарони муқовимат танҳо моро қавитар ва устувортар мекунад.Ҳамос барои таваққуфи ҷанг алайҳи Ғазза ва поён додан ба ранҷу дардҳои миллати Фаластин талоши зиёде карда ва мекунад.Ҳамос таомули мусбате бо тамомии тарҳҳои пешниҳодӣ (барои оташбас) дошта ва ба шартҳои таваққуфи комили ҷанг ва хуруҷи неруҳои ишғолгар аз Навори Ғазза пойбанд аст.Густариши доираи ҷиноёти душмани саҳюнистӣ ба кишварҳои арабӣ-исломӣ собит мекунад, ки ин режим хатари ҳақиқӣ барои амният ва суботи кулли минтақа аст.Умуми фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ, Қудс, сарзаминҳои ишғолии 1948 ва урдугоҳҳои оворагони фаластиниро ба ташдиди тамомии шиваҳои муқовимат дар баробари режими ишғолгар фаромехонем.Мо давлати Амрикоро масъули идомаи наслкушӣ ва ҷиноёти душмани саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин медонем ва аз ин кишвар мехоҳем ҷонибдорӣ аз режими ишғолгар ва ҳимоят аз онро мутаваққиф кунад.Аз Африқои Ҷанубӣ ба хотири шикоят аз режими ишғолгар дар додгоҳи байналмилалӣ (Гаага) ба хотири наслкушӣ дар Ғазза ва тамомии кишварҳое, ки бо он ҳамроҳӣ карданд, ташаккур мекунем ва аз мавозеи расмӣ, мардумӣ, ҳизбӣ ва тамомии иқдомот ва фаъолиятҳо дар кишварҳои исломӣ-арабӣ ва дигар нуқоти ҷаҳон ва таҳаррукоти мардумии миллатҳои озода ва эътирозоти донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноёти душмани ишғолгари саҳюнистӣ ташаккур мекунем.Ҳамаи ҷараёнҳо ва неруҳои уммат ва озодагони ҷаҳонро ба мушорикат дар набарди Тӯфони Ал-Ақсо фаромехонем то ифтихори дифоъ аз Қудс ва масҷиди мубораки Ал-Ақсо насиби ҳамаи онҳо шавад.

https://tajikpress.com/2024/10/07

captcha