IQNA

Мухолифати кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ барои ҳамла ба Эрон

17:58 - October 11, 2024
рақами хабар: 2246
ИКНА - Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз мухолифати кобинаи амниятии (ҷангии) ин режим барои ҳамла ба Эрон дар посух ба амалиёти Ваъдаи Содиқ-2 хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Ҷазира, шабакаи 13-и режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки нишасти шаби гузаштаи аъзои кобинаи амниятии режими палид ва ҷинояткори Исроил бо овоздиҳии аъзои кобинаи амниятии режими Исроил барои адами ҳамла ҳавоӣ ба Эрон поён ёфт.

Шабакаи 13-и режими саҳюнистӣ бо истинод ба як манбаи амниятии режими саҳюнистӣ афзуд: Кобинаи амниятӣ дар бораи вокуниш ба ҳамлаи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон раъй надод ва тасвиби онро то наздик шудан ба замони иҷрои он мавқуф гузошт.

Қаблан бархе аз расонаҳо бо такя ба мақомоти режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ аз ҳамлаи ҳавоии ин режим ба ҳадафҳо дар хоки Эрон хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, сойти хабарии саҳюнистии "Волла" дар гузорише иддао кардааст, ки ихтилофи назар байни Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими кӯдаккуши Исроил дар мавриди ҳамлаи эҳтимолӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон коҳиш ёфтааст.

Ин сомонаи хабарии саҳюнистӣ дар гузориши худ бо истинод ба мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ иддао кардааст: Нетаняҳу ва Байден то ҷое дар мавриди посухи режим Исроил ба Эрон ба тавофуқ расиданд.

Уолла иддао кард: Тафовут миёни Вашингтон ва Тел-Авив дар ин замина коҳиш ёфтааст, аммо ин фаҳмиш ҳанӯз камтар аз интизориҳои Амрико аст.

Рӯзномаи саҳюнистии "The Times of Israel" низ бо ишора ба машварати ахири раисиҷумҳури Амрико ва нахуствазири режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар робита ба таҳаввулоти ахири минтақа ва вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба "Ваъдаи Содиқи-2" гузорише мунташир кардааст. Вай чунин мешуморад, ки накшаҳои Тель-Авив «хеле тачовузкорона ва душманона мебошанд».

Пас аз гуфтугӯи телефонии Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими кӯдаккуш ва ҷинояткори Исроил, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, як манбаи огоҳ эълом кард, ки Амрико ва режими палиди Исроил ба сурати умум дар мавриди чолишҳои стротегии минтақаи Осиёи Ғарбӣ ба мувофиқа расидаанд.

Ин манбаи огоҳ гуфт, ин гуфтугӯи телефонӣ барои баррасии тарҳи режими Исроил барои вокуниш ба амалиёти густурдаи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон, авҷи машварати мақомҳои омрикоӣ ва исроилӣ буд, ки аз замони амалиёти мушакии Эрон алайҳи режими Исроил дар рӯзи 1 октябр идома дорад.

https://iqna.ir/fa/news/4241762

captcha