Ба гузориши ТоҷикПресс, як сол аз оғози ҳамлаи бераҳмонаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин мегузарад; яке аз маргбортарин ва мухаррибтарин ҷангҳои таърихи муосир, ки беш аз 41 ҳазор фаластинӣ дар он ба шаҳодат расидаанд ва акнун бидуни ҳеҷ чашмандозе барои поёни ҷанг ва ҳеҷ барномае барои даврони пас аз ҷанг, фарзияҳоро дар бораи замони дақиқи поёни он ва ё бозсозии шаҳри Ғазза ғайримумкин месозад.
Хабаргузории АссошиатедПресс дар гузорише менависад: “Ҳатто пас аз таваққуфи ҷанг, садҳо ҳазор нафар барои солҳо дар чодарҳо зиндагӣ хоҳанд кард зеро ба гуфтаи коршиносон, бозсозии шаҳр шояд даҳаҳо давом кунад”.
Шифо Ҳаҷҷу, зани хонадори 60 солае, ки дар як чодар дар маконе, ки рӯзе хонааш дар онҷо буд, зиндагӣ мекунад, гуфт: “Вайронӣ ва бадбахтӣ, ин вазъият, дили сангро ҳам об мекунад. Ҳар касе Ғаззаро бубинад, ба ҳолу рӯзаш гиря хоҳад кард”.
Тибқи арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябр бо истинод бар тасовири моҳвораӣ, ин ҷанг “чор як” аз тамомии созаҳои Ғаззаро вайрон карда ё шадидан ба онҳо осеб расонда ва ҳамчунин тақрибан 66 дарсад аз сохтимонҳо аз ҷумла беш аз 227 ҳазор воҳиди истиқоматӣ дасти кам осеб дидаанд.
Марди фаластинӣ дар байни харобиҳои Ҷибилиё-1 ноябр
Олисон Эли, ҳамоҳангкунандаи мустақар дар Ғазза аз созмони “Шилтер Кластер”, ки аз мардуми ҷангзада ҳимоят мекунад ва тавассути Шӯрои паноҳҷӯёни норвегияӣ раҳбарӣ мешавад, гуфт: “Агар оташбас рух диҳад, ҳудуди ниме аз тамомии хонаводаҳо ҷое барои бозгашт надоранд”.
АссошиатедПресс дар идома бо ишора ба вазъияти дардноки беҳдошту оби ошомиданӣ дар Ғазза гуфт: “Системаи тасфияи оби Ғазза нобуд шудааст. Беш аз 80 дарсади таъсисоти беҳдоштӣ осеб дида ва ё нобуд шудаанд”.
Бонки ҷаҳонӣ дар поёни моҳи январ, хисорати 18.5 миллиард доллариро тахмин зад, ки тақрибан маҷмӯи хуруҷии иқтисодии Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза дар соли 2022 мебошад. Лозим ба зикр аст, ки ин хисорат пеш аз бархе амалиёти заминии вайронгари режими саҳюнистӣ аз ҷумла дар шаҳри марзии Рафаҳ муҳосиба шуд.
Баргашти гурезаҳои фаластинӣ ба хонаҳои худ дар ХонЮнис-7 апрел
Ин расонаи амрикоӣ гузориш кард ҳангоме, ки неруҳои режими ишғолгар вориди шаҳри ҷанубӣ ХонЮнус шуданд, “Шифо Ҳаҷҷу ба ҳамроҳи хонаводааш апартаменти чаҳор табақаи худро танҳо бо либосҳое, ки бар тан доштанд, тарк карданд. Онҳо пеш аз тасмим барои бозгашт, моҳҳоро дар чодарҳои мухталиф сипарӣ мекарданд, аммо лаҳзае, ки баргаштанд, ашк бар гӯнаҳояшон ҷорӣ шуд. Тамоми сохтимонҳои атрофи апартамент тахриб ва хонааш ба вайронае бадал шуда буд.
Ӯ аз таҷрибаи талхи ин лаҳза мегӯяд: “Ман маҳалларо нашнохтам. наметавонистам ташхис диҳам хонаи дигарон куҷост”.
Тибқи баровардҳои Созмони Милал, ҳудуди 90 дарсад аз ҷамъияти 2.3 миллион нафарии Ғазза ба далели ҷанге, ки режими саҳюнистӣ ба роҳ андохта, ағлаб чандин бор овора шудаанд ва садҳо ҳазор нафар аз онҳо ба самти чодарҳое дар ҳаволии соҳил бидуни барқ, оби ошомиданӣ ва сервиси беҳдоштӣ паноҳ бурдаанд ва гуруснагӣ ҳам буҳрони дигаре аст, ки ҷанг дар ин як сол онро ба ҳамроҳ овардааст.
Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба “Дайр-ул-балҳ” дар маркази Навори Ғазза-6 июн
Шифо Ҳаҷҷу ба зиндагии сахте, ки дар чодар дошта ишора мекунад ва мегӯяд: “Буи баде меомад. Бемориҳо дар ҳоли паҳн шудан буданд. Ҳамсарам, ки кабидаш бемор буд, ҳангоме, ки хабари вайронии манзилро шунид, дучори сиктаи қалбӣ шуд ва баъд фавт кард”.
Ӯ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки пас аз ақибнишинии неруҳои саҳюнистӣ дар моҳи апрел, ба хона бозгашт, аммо ҳамсояҳо аз тарси ёфтани аҷсод ва бомбаҳо барнагаштанд, аммо ӯ ба хотири хонааш баргашт; хонае, ки ҷуз вайрона чизи дигаре аз он боқӣ намондааст.
Вай гуфт: “Беҳтар аст дар хонаи худам ҷое, ки 37 сол дар он зиндагӣ кардам, зиндагӣ кунам гарчанде, ки вайрон шудааст!”
АссошиатедПресс дар тавсифи ончи, ки дар пайи оворагӣ ба ин хонавода гузашта, менависад: “Ин зани фаластинӣ ва кӯдаконаш бо дастҳои холӣ, хиштҳоро канор заданд ва аз миёни оворҳо васоилеро ёфтанд, ки мешуд муҷаддадан аз онҳо истифода кард. Онҳо аз либосҳои пора барои таҳияи оташ ҷиҳати пухту паз истифода мекунанд. Онҳо вақте дар оворҳо ба дунболи васоили мавриди ниёз мегаштанд, бо ҷонварҳои мухталифе, ки сар аз хок дар меоваранд рӯбарӯ мешуданд, ҳама ҷо пур аз шишаҳои шикастааст ва ҳангоме, ки чодари худро барпо карданд, борон шурӯъ ба боридан кард ва дар ҳоле, ки хоб буданд, либосҳояшон тар шуд.”
Наҷотёфтагони ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба “Дайр-ул-балҳ”-14 июн
Ожонсҳои СММ мегӯянд вазъияти бекорӣ аз тақрибан 50 дарсад пеш аз ҷанг, ба тақрибан 80 дарсад афзоиш ёфтааст ва тақрибан тамоми ҷамъият дар фақр зиндагӣ мекунанд. Ҳатто онҳое, ки чизе дар дасту боли худ доранд, содирот барояшон ба далели маҳдудиятҳои режими саҳюнистӣ ғайримумкин аст.
Созмони Милал тахмин мезанад, ки ҷанг ҳудуди 40 миллион танна овор ва хокро дар Ғазза ба ҷой гузоштааст; миқдоре, ки ҳудуди 15 сол замон ва тақрибан 650 миллион доллар ҳазина сарф мешавад то тамоми он пок шавад.
Ассошиатед Пресс таъкид мекунад: “Кишварҳои сирватманди арабӣ монанди Арабистони Саудӣ ва Иморот гуфтаанд, ки онҳо танҳо дар сурате ба унвони бахше аз барномаҳои пас аз ҷанг моил ба кумак барои бозсозии Ғазза ҳастанд, ки кишвари Фаластин эҷод шавад”.
https://tajikpress.com/2024/10/11