Ба гузориши ИКНА, шастучаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии қироат ва ҳифзи Қуръони Малайзия (MTHQA) дар маркази тиҷорати ҷаҳонии Куала-Лумпур (WTCKL) баргузор шуд.
Маросими ихтитомияи ин мусобиқот шомгоҳи рӯзи шанбе 12 октиябр баргузор ва нафароти бартар низ дар ин маросим муаррифӣ шуданд.
Дар бахши қироати мардон, Муҳаммад Ҳусайн Маҳмур, қории малайзияӣ бо ба даст овардани 93,71 дарсад аз нумарот мақоми аввалро касб кард.
Мақоми дувум ба Абдуррашид аз Покистон бо 93,59 дарсад имтиёзот расид ва Ҳию Андӣ Сопу аз Индонезия бо касби 92,03 дарсад имтиёз ба мақоми севум расид.
Ҳадоя Абдурраҳмон, қории малайзияӣ бо имтиёзи 91,76 дарсад мақоми аввали бахши қироати занонро касб кард ва пас аз вай Раяна Мабагуландӣ (90,26 дарсад) ва Сиёми Асаҳира аз Индонезия (89,46 дарсад) қарор гирифтанд.
Дар риштаи ҳифзи Қуръони Карими мардон, Убайдуллоҳ Бубокоронгӯ аз Нигер бо имтиёзи 97,63 мақоми аввалро касб кард ва Абарҳим Су аз Соҳили Оҷ бо 97,00 дарсад ва Омюддин Фарраҳ аз Русия бо 96,88 дарсад дар радаҳои баъдӣ қарор гирифтанд.
Ҳибсату Ҳамису аз Нигерия бо касби 96,13 дарсад нумарот, мақоми аввали бонувон дар риштаи ҳифзи Қуръони Каримро касб кард ва пас аз ӯ Путри Амина аз Малайзия (94,89 дарсад) ва Фотима Шиё аз Малдавия (94,38 дарсад) қарор гирифтанд.
Ҳамидрзо Насирӣ, танҳо намояндаи кишвари Эрон дар ин мусобиқот, ки дар риштаи қироати таҳқиқ ҳузур дошт, муваффақ ба касби рутбае нашуд.
Дар идома бахше аз тиловати қории малайзияоӣ ва нафари аввали шастучаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии қуръонии Малайзия дар маросим ихтитомияи ин рақобатҳо мушоҳида мекунед.