IQNA

Танини Қуръон аз як сандвич фурушӣ дар қалби Ню-Йорк + филм

6:32 - October 16, 2024
рақами хабар: 2269
ИКНА - Клипе аз як сандвич фурушӣ, ки дар майдони Таймзи Ню-Йорк алорағми ҷаримаи 50 долларӣ, Қуръон пахш мекунад бо истиқболи густурдаи корбарони фазои маҷозӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши Алҷазира, клипе аз як гардишгари турк дар Ню-Йорк дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарогир шудааст, ки дар он аз соҳиби як рестарани кӯчак сӯҳбат мекунад, ки бо вуҷуди пардохти ҷаримаи ҳар рӯза тиловати Қуръонро дар хиёбон пахш мекунад.

Ин соҳиби рестаран ба туристи турк, ки пурсид чигуна Қуръонро бо садои баланд дар хиёбон пахш мекунад ва оё ин кор қонунӣ аст, гуфт, ки рӯзона 50 доллар ҷарима мешавад, аммо ӯ ин пулро медиҳад то ба гӯш додани Қуръон идома диҳад.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори ин муҳоҷири Мисриро, ки дар рестарани кӯчаки худ дар қалби шаҳри Ню-Йорк сандвич ва об мева мефурушад, таҳсин ва барои вай дуо карданд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4242343

captcha