Ба назар мерасад, ки ҳамлаи паҳподии рӯзи якшанбе Ҳизбуллоҳи Лубнон ба пойгоҳи қисми низомии Голании дар наздикии Бенҷамина, ки беш аз 60 нафарро маҷрӯҳ ва ҳадди ақал 4 нафарро кушт, бо диққат ба ҳадафи худ исобат кардааст. Акнун артиши ҷинояткори Исроил дар ҳоли баррасии ин ҳодиса аст, аммо аз ҷузъиёти маҳдуди мавҷуд, ин гуна бар меояд, ки ин паҳпод, эҳтимолан мадели Сайёд-107 буда, ки дар Эрон сохта мешавад ва ба таври густурдае тавассути Ҳизбуллоҳи Лубнон истифода мешавад. Ҳамчунин Ҳизбуллоҳ ин паҳподро ба сурати анбӯҳ дар Лубнон тавлид мекунад.
Ин мадел паҳпод дар масири парвозаш метавонад борҳо иртифоъ ва ҷиҳати худро тағйир диҳад, ки ин вижагии ташхис ва радёбии онро душвор мекунад. Бурди он то 100 километр (62 майл) аст, кӯчак аст ва дар муқоиса бо паҳподҳои бузургтари оҳанӣ, сигнали радарии бисёр каме аз худ ба ҷой мегузорад. Шиносоии он бештар ба ҳарорате, ки аз матораш хориҷ мешавад, вобастааст, ки ташхиси он ҳам барои душманон хеле сахт ва масъалаи бузург аст.
Артиши палид ва ҷинояткори Исроил дар ҳоли баррасии ҳамаи эҳтимолот аст, аммо тақрибан мутмаин аст, ки ин паҳпод, ки ба ҳадафи муҳимме бархурд карда ва талафоти бисёреро ба бор оварда, натанҳо як мадели тахассусӣ буда балки Ҳизбуллоҳи Лубнон муваффақ шудааст бо шиллики таркибӣ аз ракетаҳо ва ду паҳподи дигар, ки ба самти ғарби минтақаи Ҷалил шиллик шудаанд, сомонаҳои шиносоии артиши кӯдаккуши Исроилро таҳти таъсир қарор диҳад ё мухтал кунад.
Ин паҳподҳо ба самти дарё дар савоҳили шимолӣ ҳаракат карданд ва системи гунбади оҳанин яке аз онҳоро раҳгирӣ кард. Артиши ҷинояткори Исроил ҷитҳои ҷанганда ва ҳеликуптерҳои размиро барои радёбии паҳподи боқимонда эъзом кард, аммо иртиботи бо он қатъ шуд.
Акнун артиши палид ва кӯдаккуши Исроил дар ҳоли анҷоми таҳқиқоти дақиқ аст, ки чигуна ҳам ҷангандаҳо ва ҳам ҳеликуптерҳое, ки дар ҳоли радёбии паҳпод буданд, онро аз даст доданд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки паҳпод ба сурати аз пешбарномарезӣ шуда ба шиддат ба самти замин ё дарё, фуруд омада ва сипас дар иртифои поин ба парвоз идома дода бошад ва сипас аз тапаҳои дашти соҳилӣ истифода карда бошад то аз диди раҳгириҳо пинҳон бимонад.
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар тӯли як соли гузашта, таҷрибаи зиёде дар баҳрабардорӣ аз паҳподҳо касб карда ва ба таври муваффақиятомезе мӯҷиби ворид кардани талафоти пуршумор дар миёни низомиёни кӯдаккуш ва ба вижа сарбозони артиши ҷинояткори саҳюнстӣ дар пойгоҳҳои дӯрдаст шудааст. Беш аз ними аз паҳподҳои партоб шуда тавассути Ҳизбуллоҳ ё тавассути ҷетҳои ҷангандаи артиши Исроил, ки барои муқобила бо онҳо эъзом мешаванд ё тавассути сомонаҳои гунбади оҳанин ва Флахони Довуд раҳгирӣ мешаванд.
Бо ин ҳол, ба далели андозаи кӯчак ва сигнали радарии бисёр заиф ин паҳпод, радарҳои контроли оташи гунбади оҳанин ва ҳисгарҳои ҷетҳои ҷанганда ва ҳеликуптерҳо ағлаб онҳоро гум мекунанд ба вижа дар манотиқи таппаӣ, ки радарҳо аз замин гумроҳкунанда ҳастанд нопадид мешаванд.
Артиш ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ва саноеи дифоии ин режими палид ҳадди ақал аз замони оғози ҷанги кунунӣ ба думболи ёфтани роҳиҳалле барои ин мушкил будаанд, аммо ҳамчунон роҳиҳалли муассире барои шиносоӣ ва раҳгирии паҳподҳо вуҷуд надорад. Ин паҳподҳо дар воқеъ ба мушакҳои Курузи кӯчак шабоҳат доранд ва радёбӣ ва ҳадафгирии мудовими онҳо ба наҳве, ки имкони раҳгирии муваффақиятомез фароҳам шавад, ҳанӯз имконпазир нест.
Ҳанӯз артиш ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ҳеҷ роҳиҳалли муносибе барои ин масъала надорад ва ин эҳтимолан тавзеҳ медиҳад, ки чаро ожирҳои ҳушдор ба садо дарнамеоянд ва чаро ин паҳпод тавонист ҳангоми бархурд бо ҳадафи худ ин теъдодро маҷрӯҳ ва захмӣ кард.
https://tajikpress.com/2024/10/16