IQNA

Ал-Азҳар: Дар ғами шуҳадои қаҳрамони муқовимати Фаластин сӯгворем

23:02 - October 18, 2024
рақами хабар: 2282
ИКНА - Соате пас аз иддаои режими ҷинояткори саҳюнистӣ мабнӣ бар террори "Яҳё Синвор", донишгоҳи Ал-Азҳар хостори бармалои дурӯғи режими саҳюнистӣ дар бораи «террорист» будани муқовимати Фаластин шуд.

 Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дар баёнияе ба далели шаҳодати қаҳрамонони муқовимати Фаластин ибрози сӯгворӣ кард.
Дар ин баёния, ки соате пас аз иддаои режими саҳюнистӣ мабнӣ бар террори Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҳамос мунташир шуд, омадааст: «Мо барои шуҳадои қаҳрамони муқовимати Фаластин сӯгворем, ки ба дасти ҷинояткори саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифта шуданд, афроде, ки фасод ва вайрониро дар сарзаминҳои арабии мо густариш медиҳанд.»
Ба гузориши Алҷазира, Ал-Азҳар дар ин баёния, ки дар фазои маҷозӣ мунташир шуд, изҳор дошт: «Мо таъкид мекунем, ки шуҳадои муқовимати Фаластин муборизони воқеӣ буданд, ки душманони худро ба ваҳшат андохтанд ва онтавр, ки душман талош мекард онҳоро ба тасвир бикашад, террорист набуданд.»
Дар идомаи ин баёния эълом шуд: «Мо бар аҳамияти ифшои дурӯғҳои дастгоҳи расонаии саҳюнист ва талоши онҳо барои таҳрифи намодҳои муқовимати Фаласти ва таъмим додани тавсифи онҳо ба унвони террорист таъкид мекунем.»
Рӯзи гузашта вазорати хориҷаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо ирсоли паёме ба ҳамтоёни худ дар саросари ҷаҳон муддаӣ шуд, ки ин режими кӯдаккуш Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши исломии Ҳамосро террор кардааст.

https://tajikpress.com/2024/10/19

captcha