IQNA

Ҳаргиз аз ёрии мардуми Фаластин даст бар намедорем

9:02 - October 19, 2024
рақами хабар: 2283
ИКНА - Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар суханроние ба муносибати шаҳодати Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши исломии Ҳамос бо тасалият ба ин муносибат таъкид кард, ки ҳаргиз аз ёрии миллати Фаластин даст бар намедорем.

Сайид Абдулмалик Бадруддин, раҳбари Ансоруллоҳи Яман дишаб дар суханронии худ ба муносибати шаҳодати Яҳё Синвор гуфт: Бо ниҳояти ҳузн ва андӯҳ хабари шаҳодати Яҳё Синвор раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамосро шунидем ӯ, ки дар роҳи Худо ва дар майдони набард ва қаҳрамонӣ ва шарофат ба шаҳодат расид.
Вай афзуд : Самимона ба хонаводаи мӯҳтарами ишон ва бародарони размндаамон дар ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ва гурдонҳои Қассом ва тамоми размндагони фаластинӣ ва мардуми Фаластин ва уммати исломӣ тасалият арз мекунем.
Сайид Абдулмалик Бадруддин, раҳбари Ансоруллоҳи Яман идома дод: Идомаи фидокориҳои миллати мазлуми Фаластин ва размндагони азизи он ҳаргиз ҳадар намеравад ва Худованд ёвари бандагони мазлум ва мустазъафаш аст.
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, ки ҳаргиз аз ёрии мардуми Фаластин даст бар намедорем ва ба бародаронамон дар Фаластин мегӯем, ки шумо танҳо нестед ва мо то пирӯзӣ бо шумо ҳастем лизо агар душмани саҳюнистӣ фикр карда, ки шаҳодати Синвор боиси фурӯпошии ҷабҳаи бузурги ҷиҳод дар Ғазза ва дар ҳам шикаста шудани рӯҳияи размндагон мешавад дучори таваҳҳум шудааст.
Сайид Абдулмалик Бадруддин, раҳбари Ансоруллоҳи Яман ишора кард, ки Ҳамос мунсаҷим аст ва аз рӯзи аввал раҳбаронаш ба шаҳодат расидаанд, аммо ҳаргиз ин шаҳодатҳо таъсире бар он нагузошта ва парчами ҷиҳодро поин наовард ва майдонро тарк накард ва сари таслим фуруд наовард.
Вай дар поён таъкид кард: Мо дар ҷабҳаи ёрии Ғазза дар Яман ба амалиёти низомии ҷиҳодиямон идома хоҳем дод.

4243065

captcha