IQNA

Паёми оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари ҶИЭ дар пайи шаҳодати муҷоҳиди қаҳрамон ва фармондеҳ “Яҳё Синвор”

21:59 - October 19, 2024
рақами хабар: 2286
ИКНА - Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таҷлил аз муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор таъкид карданд: Ҷабҳаи муқовимат ҳамонгуна, ки қаблан бо шаҳодати барҷастагони худ аз пешравӣ боз намонд, бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт.

Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим
Миллатҳои мусулмон! Ҷавонони ғаюри минтақа!
Муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор, ба ёрони шаҳидаш пайваст.
Ӯ чеҳраи дурахшони муқовимату муҷоҳидат буд; бо азми пӯлодин дар баробари душмани золиму мутаҷовиз истод; бо тадбиру шуҷоат ба ӯ силӣ зад; зарбаи ҷуброннопазири ҳафтуми октябрро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гузошт ва он гоҳ бо иззату сарбаландӣ ба меъроҷи шаҳидон парвоз кард.
Касе чун ӯ, ки умреро ба мубориза бо душмани ғосибу золим гузарондааст, саранҷоме ҷуз шаҳодат шоистаи ӯ нест. Фиқдони ӯ барои ҷабҳаи муқовимат, албатта, дарднок аст, вале ин ҷабҳа бо шаҳодати барҷастагоне чун шайх Аҳмад Ёсин, Фатҳӣ Шақоқӣ, Рентисӣ ва Исмоил Ҳания аз пешравӣ боз намонд ва бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт; би изни Аллоҳ. Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд.
Мо чун ҳамеша, дар канори муҷоҳидону муборизони боихлос хоҳем монд; би тавфиқи мин Аллоҳ ва авниҳи.
Инҷониб шаҳодати бародарамон Яҳё Синворро ба хонадонаш, ба ҳамразмонаш ва ба ҳамаи дилбастагони ҷиҳоди фи сабили Аллоҳ, табрик ва фиқдонашро таслият мегӯям.
Вассалому ало ибодиллоҳис-солиҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
28/07/1403 ҳ.ш.
19/10/2024

https://iqna.ir/fa/news/4243086

captcha