Ба гузориш Ал-Масри Ал-Явм, Усома Ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср пас аз ширкат дар барномаҳои нахустини конфронси динии байналмилалӣ дар Санкт-Петербург бо унвони «нақши арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар адёни суннатӣ ва роҳҳои тақвияти арзишҳои гуфтугӯ байни фирақ ва нажодҳо дар ҷаҳони муосир» аз масҷиди обии Русия боздид кард.
Ин конфронс ҳафтаи гузашта бо ҳамкории идораи динии мусулмонони Санкт-Петербург ва минтақаи шимоли ғарбии Русия, идораи динии мусулмонон бахши осиёии Русия, бахши равобити хориҷии калисои уртудокси Маскав, донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва сандуқи ҳимоят аз фарҳанги исломӣ, илм ва омӯзиши Русия баргузор шуд.
Вазири авқофи Миср дар боздид аз масҷиди обии Русия, ба унвони имоми ҷамоат намози зӯҳрро дар ин масҷид иқома ва нусхаҳое аз мусҳафи миллии Мисрро ба ин масҷид эҳдо кард.
Усома Ал-Азҳарӣ ҳамчунин дар мазори «Муҳаммад Аёд Ат-Тантовӣ», аз уламои барҷастаи Ал-Азҳар дар Санкт-Петербург ҳузур ёфт ва тайи суханоне гуфт: Ат-Тантовӣ ба амри Ҳасан Ал-Аттор, шайхи вақти Ал-Азҳар барои 70 рӯз маъмурият ёфт, ки дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ кунад, аммо 21 сол дар ин шаҳр зиндагӣ кард ва дар минтақаи «Пулково» даргузашт ва ба хок супурда шуд.
Вай афзуд: Ин олами Ал-Азҳар бо тасаллут бар забони арабӣ ва улуми исломӣ, пайванди садоқат ва бародариро бо дигар уламо ва фарҳехтагони адён ва фирақи мухталиф барқарор кард ва улгуе дар гуфтумони динии равшанфикрона буд.
Гуфтнӣ аст, масҷиди обии Русия дар Санкт-Петербург 110 сол қидмат дорад ва Владимир Путин онро яке аз зеботарин масоҷиди ҷаҳон қаламдод кардааст. Гунбади ин масҷид 39 метр ва гулдастаи он 49 метр иртифоъ дорад.