Ба гузориши dumrf, шаҳри Маскав аз 6 то 8 ноябр мизбони бисту дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон хоҳад буд, ки яке аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом ба шумор меравад.
Ин мусобиқот аз сӯи идораи маънавии мусулмонони Федератсияи Русия бо мушорикати вазорати авқоф ва умури исломии кишвари Қатар баргузор мешавад. Ширкаткунандгоне аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон дониш ва маҳорати худ дар ҳифзи Қуръони Каримро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Ширкаткунандагон дар 6 ва 7 ноябр дар масҷиди ҷомеи Маскав иҷро хоҳанд кард. Вуруд барои алоқамандон озод аст.
7 ноябр маросими ихтитомия ин давра аз мусобиқот дар салони кансерти ҳутели Космоси Маскав баргузор мешавад. Ҳозирон дар ин маросим як намоиши маънавӣ бо унвони «ганҷинаҳои Қуръон»-ро шоҳид хоҳанд буд.
Тибқи як суннати ҳасанаи роиҷ, дар ин маросим билети зиёрати умра байни ҳозирон ба қайди қуръа тавзеъ мешавад.
Дар ин давраи рақобатҳо Муҳаммадрасули Такбирӣ, ҳофизи кулли Қуръони намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд.
Соли гузашта Ҳусайни Хонибидгулӣ, намояндаи эъзомии кишварамон ба бисту якумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Маскав, рутбаи дувуми ин мусобиқотро касб кард ва намояндагони кишварҳои Русия ва Ҳинд ба тартиб рутбаҳои аввал ва севумро касб карданд.