Ба гузориши манобеи хабарӣ, давлати Қатар ҳамлаи садҳо муҳоҷир ба саҳни Масҷидул-Ақсоро бо ҳимояти нерӯҳои ишғолгари исроилӣ шадидан маҳкум кард ва онро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва барангехтани эҳсосоти мусулмонони тамоми ҷаҳон унвон кард.
Вазорати умури хориҷаи Қатар дар баёнияе аз паёмадҳои талошҳои пайвастаи Исроил барои тахриби мақоми мазҳабӣ ва таърихии Масҷидул-Ақсо ҳушдор дода, бар масъулияти ахлоқӣ ва ҳуқуқии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар баробари Байтулмуқаддас ва муқаддасоти он таъкид кардааст.
Вазорати умури хориҷаи Урдун низ дар баёнияе беҳурматӣ ба Масҷидул-Ақсоро маҳкум кард. Илова бар ин, гурӯҳҳои фаластинӣ низ дар баёнияҳое ин амалро маҳкум карда ва мутааллиқи комили Масҷидул-Ақсо ба мусалмонон таъкид кардаанд.
Субҳи дирӯз, якшанбеи, дар чаҳорумин рӯзи ҷашни яҳудиён, Итамар Бенгуир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ бо ҳамроҳии беш аз ҳазор шаҳракнишинони саҳюнистӣ таҳти ҳимояти шадиди пулиси ин режим кӯдаккуш ва ҷинояткор, аз ғарб вориди Масҷидул-Ақсо шуд.
Дар ҳамин ҳол, пулиси саҳюнистӣ барои вуруди фаластиниҳо ба Масҷидул-Ақсо маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кард.
Итамар Бенгуир,, вазири амнияти дохилии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, вориди минтақаи девори Ал-Бароқ шуд ва дар баробари садҳо шаҳракнишинон вориди Масҷидул-Ақсо шуд.
Ин ҳамлаҳои дастаҷамъӣ ба Масҷидул-Ақсо дар посух ба даъватҳои гурӯҳҳои эҳтимолии маъбадҳои саҳюнистӣ аст, ки мехоҳанд дар ҳашт рӯзи маросими ҷашни саҳюнистҳо ҳамлаҳои густурда ба Масҷидул-Ақсо анҷом диҳанд.