Ба гузориши хабаргузории "Садои Афғон" (Аво), ин Шӯро рӯзи якшанбе дар иртибот ба даргузашти Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, баёнияе мунташир ва ба кулли мардуми ин кишвар изҳори тасаллият кард.
Матни изҳороти Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон дар бораи шаҳодати раиси дафтари сиёсии Ҳамос чунин аст:
بسم الله الرحمن الرحیم
مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِینَ رِجَال صَدَقُواْ مَا عَٰهَدُواْ ٱللَّهَ عَلَیۡهِۖ فَمِنۡهُم مَّن قَضَیٰ نَحۡبَهُۥ وَمِنۡهُم مَّن یَنتَظِرُۖ وَمَا بَدَّلُواْتبدیلا
Ишғолгарони саҳюнистӣ дар идомаи наслкушӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият як фармондеҳи шуҷоъ ва сарбаланди муқовиматро ба шаҳодат расонданд.
Яҳё Синвор дар кӯдакӣ дар зодгоҳаш зулму таҷовуз ва таҳқирро медид, то чашмонашро боз кард ва то дар масҷидул-Ақсо намоз бихонад онро дар чанголи ҷаллодони золими саҳюнистӣ дид.
Аз он замон вай барои озодии Байтулмуқаддас, Фаластин ва барқарор кардани шаъну шараф ва муқаддасоти сокинони мусалмони ин сарзамини муқаддас фидо кард.
Ӯ дар ҷавонӣ 22 соли умри бошарафи худро дар зиндон ва зери шиканҷаи бераҳмонаи режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ сипарӣ карда, пас аз раҳоӣ аз маҳбас муборизаро беш аз пеш бо ҷасорат ва мардонатар идома дод, то дар ниҳоят дар майдони набард дар ҳоли набард, як дасташ бурида шуд, косаи шаходатро нушид.
Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон ба истиқболи ин шаҳиди шуҷоъ ба кулли мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон, ба хусус миллати сабур ва қаҳрамони Фаластин, ҳамроҳонаш ва хонаводаи ӯ шодбош ва тасаллият баён мекунад ва аз даргоҳи Худованди Мутаъол барои волотарин мақоми ин шаҳид улувви дарҷот хоҳон аст.
Ва ҳамчунин бори дигар таъкид мекунад, ки бо шаҳид шудани фармондеҳони муқовимат парчами муборизаи озодихоҳӣ ба замин намеафтад, зеро ин воқеият бо куштори раҳбарон ва фармондеҳони пешини Фаластин ва Лубнон низ ошкор шудааст.
Мо боварии комил дорем, ки ҷиҳод ва муборизаи миллати мусалмони Фаластин то озодии Қудси Шариф ва сарзаминҳои ишғолшуда идома хоҳад дошт ва он рӯз дер нахоҳад шуд.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон