IQNA

Рунамоӣ аз нусхаи қуръонии 900 солаи "Абулфазли Байҳақӣ" дар Сабзавор

19:16 - October 23, 2024
рақами хабар: 2307
ИКНА - Ҳамзмон бо рӯзи бузургдошти Абулфазли Байҳақӣ (падари насри форсӣ), дивист ва бисту якумин барномаи сешанбеҳои илмӣ ва фарҳангии остони Қудси Разавӣ бо меҳварияти рунамоӣ аз нусхаи қуръонии 900 солаи вақфи ин муаррих ва нависандаи сабзаворӣ, мавҷуд дар ганҷинаи Разавӣ, дар Хуросони Разавӣ баргузор шуд. 

Ба гузориши ИКНА ин маросим, дирӯз, ба унвони яке аз барномаҳои чаҳордаҳумин ҳамоиши байналмилалии «бузургдошти Абулфазли Байҳақӣ ва мутолиоти миёнриштаии насри форсӣ» бо ҳамкории остони Қудси Разавӣ ва бо ҳузури ҷамъе аз масъулон, коршиносон, соҳибназарон ва устодони ҳавзаи фарҳанг ва адаби кишвар ва Сабзавор, дар донишгоҳи Ҳакими Сабзворӣ ин шаҳристон иҷро шуд.

Абулфазли Ҳасанободӣ, мудири маркази нусахи хаттии созмони китобхонаҳо, музейҳо ва маркази асноди остони Қудси Разавӣ изҳор кард: Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ, адиб, муваррих ва аз бузургони насри форсӣ ва таърихнависи эронӣ ба шумор меояд, «Таърихи Байҳақӣ» низ маъруфтарин асари Абулфазли Байҳақӣ ва аз китобҳои бисёр арзишманд дар ҳавзаи насри форсӣ аст.

Вай дар идома, гуфт: 16 ҷузъи Қуръони нафис ва куҳан дар китобхонаи остони Қудси Разавӣ вуҷуд дорад, ки Абулфазли Байҳақӣ, воқифи онҳо ба шумор меояд, албатта ин ҷузавоти қуръонӣ пас аз вафоти вай дар моҳи Муҳаррами соли 525 ҳиҷрии қамарӣ вақф шудааст. 

Мудири маркази нусахи хаттии остони Қудси Разавӣ афзуд: дар ин ҳамоиш, зимни муаррифии ҷузавоти қуръонии вақфи Абулфазли Байҳақӣ мавҷуд дар ганҷинаи Разавӣ, аз яке аз ин осори қуръонӣ, ки таърихи китобати он ба қарни панҷуми ҳиҷрии қамарӣ бар мегардад, рӯнамоӣ шуд.

Гуфтнӣ аст, чаҳордаҳумин ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Абулфазли Байҳақӣ ва мутолиоти миёнриштаии насри форсӣ бо коргоҳҳо ва нишастҳои илми-пажӯҳишии мухталиф, аз 21 октиябр то 23 октиябр, дар донишгоҳи Ҳакими Сабзаворӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

https://iqna.ir/en/news/3490397

captcha