IQNA

Ҳизбуллоҳ 70 низомии Исроилро ба ҳалокат расонд

19:47 - October 24, 2024
рақами хабар: 2309
ИКНА - Муқовимати исломии Лубнон эълом кард, ки тайи ҳамалоти размандагони Ҳизбуллоҳ дар манотиқи марзӣ, 70 низомии исроилӣ кушта ва 600 низомии дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Муқовимати исломии Лубнони дар баёнияе, оморе аз амалиётҳо ва тавоноиҳои худ дар даргирӣ бо режими ишғолгари Исроил баён кард.
Тибқи ин баёния, тайи рӯзҳои гузашта размандагони Ҳизбуллоҳ заработи ҳалоккунандае дар набарди заминӣ ва ҳавоӣ ба режими саҳюнистӣ ворид карданд ва ҳамчунин режими саҳюнистӣ токунун муваффақ ба тасаллути комил ва тасбити доимии ҳеҷ як аз нуқоти Лубнон нашудааст.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: тайи амалиётҳои размандагони Ҳизбуллоҳ дар манотиқи марзӣ ва тибқи расади сурат гирифта; токунун беш аз 70 низомии режими саҳюнистӣ ба ҳалокат расида ва беш аз 600 низомии дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин 28 танкаи меркава, 4 булдозери низомӣ, як нафарбар ва як мошини зиреҳӣ нобуд шудааст. Теъдоде аз паҳподҳои Исроил ҳам ба дасти размандагони лубнонӣ соқит шудааст.
Муқовимати исломии Лубнон таъкид кард: Ин омор, шомили талафот ва хисорати режими саҳюнистӣ дар пойгоҳҳо ва мавозеи низомӣ дар хоки Фаластин ишғолӣ намешавад.
Ҳизбуллоҳи Лубнони бомдоди имрӯз (панҷ шанбе) дар иттилоияи дигаре эълом кард, ки рӯзи чаҳоршанбе дар 34 амалиёт мавозеи артиши саҳюнистӣ дар манотиқи марзӣ ва ҳамчунин умқи хоки Фаластини ишғолиро мавриди ҳадаф қарор додааст.

https://tajikpress.com/2024/10/24

captcha