Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Арабӣ 21», "Ашраф Ал-Ҷадӣ" раиси донишкадаи парситории донишгоҳи исломии Ғазза рӯзи панҷшанбе дар бомбаборони як мадрасаи оворагон дар урдугоҳи «Насирот» ба шаҳодат расид.
"Ашраф Ал-Ҷадӣ" аз чеҳраҳои илмии барҷаста ва аз донишмандони ҳавзаи беҳдошти умумӣ дар Навори Ғазза буд, ки доварӣ ва арзёбии таҳқиқоти беҳдоштӣ дар чандин донишгоҳи арабӣ ва хориҷӣ ва ҳамчунин, арзёбии таҳқиқот дар нашрияи амрикоии «Near Sing Open» аз ҷумла фаъолиятҳои илмии ӯ буд.
Шаҳид Ашраф Ал-Ҷадӣ илова бар фаъолиятҳои ҳавзаи пизишкӣ, яке аз ҳофизони Қуръон дар Навори Ғазза буд, ки қабл аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар тарҳи Қуръонии «Сафватул-Ҳуффоз» (ҳофизони бартари) ин минтақа ширкат кард.
Касби иҷозаномаи қироати Қуръон бо санади муттасил ба Паёмбар (с) ва ҳамчунин дарёфти иҷозанома аз шуморе аз қуррои барҷастаи Ғазза аз дигар ифтихороти қуръонии ин пизишки шаҳид буд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тасовире аз ҳузури ин шаҳид дар тарҳи қуръонии «Сафватул-Ҳуффоз», ки ҳудуди ду моҳ қабл аз таҷовузоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза баргузор шуда будро ба иштирок гузоштанд.