Ба гузориши манобеи хабарӣ, 42 соли пеш Малик Фаҳд ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон, санги бинои таъсиси маҷмаъи чопи Қуръони Карими Малик Фаҳдро дар Мадина гузошт.
Ин бино дар 30 октябри соли 1984 дар Мадина ифтитоҳ шуд ва пас аз наздик ба чаҳор даҳа фаъолият имрӯз ба бузургтарин маркази чопи Қуръони Карим дар ҷаҳон табдил шудааст.
Ин маҷмӯа яке аз муҳиммтарин марокизи фарҳангӣ ва динии муосир дар Арабистони Саудӣ аст, ки нақши муҳимме дар чоп ва тавзеъи нусахи саҳеҳи Қуръони Карим ба ривоятҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон ба вижа дар кишварҳои исломӣ доштааст.
Ин маҷмаъ акнун ба марҷаъе барои чоп ва нашри Қуръони Карим ва ҳамчунин улуми қуръонӣ ва тарҷумаи паёми илоҳӣ ба забонҳои мухталиф табдил шудааст.
Маъмурияти аслии ин маҷмӯа, чоп ва тавзеъи Қуръон ба ривоятҳои мутавотир аст, ки аз сӯи уламои исломӣ ва андешамандони улуми қуръонӣ мавриди таъйид аст. Пас аз омодасозии нусхаҳои авваля тавассути хатот, матн омода шуда ба сурати ҳарф ба ҳарф ва калима ба калима ба таври дақиқ баррасӣ ва бо намунаи мавриди таъйид татбиқ дода мешавад. Ин баррасӣ аз сӯи «Кумитаи илмии татбиқ ва баррасии нусхаҳои Қуръон» сурат мегирад, дар ин роҳ аз маҷмӯаи тиловатҳои забт шуда аз сӯи қориёни маъруфи ҷаҳони Ислом низ баҳра бурда мешавад.
Системи назорат бар чоп низ шомили чанд марҳала мешавад, ки илова бар контрол ва назорати аввалия, шомили контрол ва назорат дар ҳини чоп ва баррасии намунаҳои ниҳоӣ аст.
Дар канори маркази назорат, маркази тарҷумаи Қуръони Карим низ вазифаи тарҷумаи каломи ваҳй ба забонҳои мухталифро бар ӯҳда дорад, ин иқдом ба манзури тасҳил дарк Қуръони Карим барои мусулмононе сурат мегирад, ки забони арабиро намедонанд, иқдоме, ки дар ростои тавсияҳои Паёмбар(с) барои расондани паёми илоҳӣ ба тамоми бандагони Худованд аст. Токунун тарҷумаи Қуръони Карим ба беш аз 72 забони ҷаҳон дар ин марказ омода шудааст. Ин забонҳо шомили 39 забони осиёӣ, 16 забони аврупоӣ ва 19 забони африқоӣ аст.
Ҳамчунин ин маҷмаъ дорои 12 веб-сайт ба ҳафт забон аст, ки матолиберо дар заминаи чопи Қуръон, хушнависӣ, таърихи Қуръон, тафсир, тарҷума ва улуми қуръонӣ ироа мекунад.
Веб-сайте низ барои омӯзиши Қуръони Карим бо роҳнамоии савтӣ роҳандозӣ шуда ва ба 14 забон фаъол аст. Дар ин сайт тарҷумаҳои қуръонӣ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, испанияӣ, индонезияӣ, урду, албанияӣ, Оромо, уйғурӣ, пашту, бароҳу, банголӣ, бӯсниёӣ, томилӣ, туркӣ, сомалиёӣ, чинӣ, форсӣ, Фаронсавӣ, қазоқистонӣ, кураӣ, молобор ва ҳавасо дар дастраси алоқамандон аст.