IQNA

Барои Эрон орзӯи саломатӣ дорам / Лаънати Худо бар Исроил бод

23:13 - October 26, 2024
рақами хабар: 2319
ИКНА - Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба таҷовузгарии бомдоди имрӯзи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард: барои Эрон орзӯи саломатӣ дорам.

Ба гузориши хабаргузории “CNN Туркия”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон, эълом кард: Барои давлати Эрон орзӯи саломатӣ дорам.
Раисҷумҳури Туркия идома дод: Исроил дар талош аст то ҷанги минтақаиро шӯълавар кунад. Исроил бо ин зеҳният ба ҷое намерасад. Лаънати Худо бар онҳо бод.
Артиши режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ соате пеш эълом кард, ки «ҳамла ба аҳдофе дар Ҷумҳурии Исломии  Эрон тамом ба поён расид» ва аз Эрон хост, ки аз ташдиди танишҳо худдорӣ кунад. Ҳамзмон артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ низ расман эълом кард, ки «ҳамла алайҳи аҳдофе дар Эрон ба поён расидааст.»
Артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҳоле муддаӣ шуда, ки «аҳдофе дар Эронро бо муваффақият ҳадаф қарор дода», ки қароргоҳи падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо интишори баёнияе эълом кард, ки «осебҳои маҳдуде ба бархе аз нуқоти низомӣ» ворид шудааст.
Матни қароргоҳи падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шарҳи зер аст:
«Ба истеҳзори миллати шарифи Эрон мерасонад, бовҷуди ҳушдорҳои қаблии масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими ҷинояткор ва ғайриқонунии саҳюнистӣ мабнӣ бар парҳез аз ҳаргуна иқдоми моҷароҷӯёна, ин режими ҷаълӣ бомдоди имрӯз дар иқдоми танишзо, нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузстон ва Иломро мавриди ҳуҷум қарор дода, ки зимни раҳгирӣ ва муқобилаи муваффақ тавассути сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии кишвар бо ин иқдоми таҷовузкорона, осебҳои маҳдуде ба бархе аз нуқот ворид шуда, ки абъоди ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст.
Дар ин росто зимни даъват аз мардум ба ҳифзи ҳамбстагӣ ва оромиш дархост мешавад ахбори марбут ба ин ҳаводисро аз тариқи расонаи миллӣ думбол намоянд ва ба шойеоти расонаҳои душман таваҷҷуҳ накунанд.»

https://tajikpress.com/2024/10/27/

captcha