IQNA

Дар ҳамоиши Миср таъкид шуд

Эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннати қатъият исбот шудааст 

21:28 - October 27, 2024
рақами хабар: 2324
ИКНА - Раиси ифтихории анҷумани эъҷози илмии навини Миср дар ҳамоиши Қоҳира таъкид кард: Эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннат, мардумро бо забони илм, мухотаб қарор медиҳад ва дар асри ҳозир қатъият исботшудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Муслиҳ, дабири кулли шӯрои исломии ҷаҳони таблиғ ва имдодрасонӣ ва раиси ифтихории анҷумани эъҷози илмии навини Миср  дар нахустин ҳамоиши илмии байналмилалии эъҷози илмии Қуръон ва суннати анҷумани эъҷози илмии навини Миср, ки бо назорати донишгоҳи Ал-Азҳар ва бо ҳузури уламои мусулмон дар Қоҳира дар ҳоли баргузорӣ аст, гуфт: эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннат, мардумро бо забони илм мухотаб қарор медиҳад ва бо онҳо бо далел ва бурҳон, истидлол мекунад, ҳақоиқи илмӣ, шоҳиди мавриди эътимоде барои эъҷози илмии Қуръон ва суннат аст.

Вай аз уламои мусулмон хост ба нақши худ дар асри шубҳапароканӣ ва танаввӯъи шаҳавот амал кунанд ва таъкид кард эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннат, дар асри ҳозир қатъият исботшудааст.

Алӣ Фуод Мухаймар, раиси ҳамоиши эъҷози илмии навини Миср дар Қоҳира низ изҳор кард: Қуръони Карим мамлув аз нишонаҳо ва ишороте дар бораи ҳақоиқи илмии кашфшуда ва паёмадҳои он дар осмонҳо ва замин аст, ки ба василаи улуми таҷрибии ҷадид ба исбот расидааст.

Вай бар аҳамияти тамассук ба илм барои посух ба шубаҳот ва тардидҳои душманони Ислом, ки бо ҳадафи тазалзули ақоиди ҷавонони мусулмон матраҳ мешавад, таъкид кард.

Алӣ Фуод Мухаймар тасреҳ кард: Худованди Субҳон оёти зиёдеро нозил кардааст, ки аз ҳақоиқи ҳастӣ ва махлуқот ва улуми маърифатӣ дар асри илм ва фановарӣ сухан мегӯяд; Бидуни ин ки калимае аз он ҳазф ё бо ҷузъиёти он мухолифат шавад.

Вай таъкид кард: Эъҷози илмӣ дар ин аср бо таваҷҷуҳ ба ҳақоиқи илмии исботшуда дар илми ҷадид аҳамияти физояндае пайдо мекунад ва Қуръон беш аз ҳазор ва чаҳорсад сол пеш дар кашфи ҳақоиқи илмӣ пешгом будааст.

Вай изҳор кард: Мо дар талошем, ки ҷавониби эъҷози Қуръон ва суннатро барҷаста карда ва кумитае аз ширкаткунандагон дар ҳамоишро барои пайгирии мабоҳиси эъҷоз ва иҷрои барномаҳои донишномаи истилоҳоти эъҷози илмӣ ташкил диҳем.

Гуфтнӣ аст, нахустин ҳамоиши байналмилалии эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннат ба ҳиммати анҷумани эъҷози илмии навин ва бо ҳамкории донишгоҳи Ал-Азҳар аз шанбе, панҷуми дар Қоҳира оғоз шудааст ва имрӯз, шашуми обон ба кор худ поён медиҳад.

Ин ҳамоиш шомили 6 нишасти илмӣ хоҳад буд ва дар он 21 мақолаи пажӯҳишие, ки ҷанбаҳои мухталифи эъҷози илмӣ дар Қуръон ва суннатро пӯшиш медиҳад, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегирад.

https://iqna.ir/fa/news/4244413

captcha