Ба гузориши ИКНА, ҳамлаи бомдоди шанбе шаби режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба аҳдофе дар хоки кишвари Эрон, бозтоби густурдае дар маҳофили байналмилалӣ доштааст. Бештари коршиносон ин ҳамларо навъе рафъи таклиф ва намоиши заиф аз сӯи мақомоти саҳюнистӣ барои иқнои афкори умумии дохилии худ медонанд.
Дар ҳамин росто, Аҳмад Абдурраҳмон, таҳлилгари сиёсӣ ва низомӣ дар Фаластин Онлайн навишт: Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон дар бомдоди шанбе барои саҳюнистҳо ноумедкунанда, заиф ва маҳдуд буд.
Вай ин амалиётро натиҷаи таҳаввулоти бисёре донист, ки дар рӯзҳои ахир рух додааст. Ба навиштаи вай, Исроил аз як буҳрони бузург дар ҷанги бо Навори Ғазза ва Лубнон ранҷ мебарад, зеро натавонист ҳеҷ як аз ин ду набард ба пирӯзӣ бирасад ё як дастоварди низомии қобили таваҷҷуҳ ба даст оварад. Абдурраҳмон дар идома навишт: Артиши ишғолгар тайи ҳафтаи гузашта мутаҳаммили хисороти сангине дар шимоли Ғазза ва ҷабҳаи Лубнон шуд ва ба назар мерасад, ки ин режим бо ин ҳамла аз ташдиди таниши бузург бо Эрон ҷилавгирӣ кардааст зеро наметавонад бо як қудрати неруманд ва аз назари ҷуғрофиёӣ густурда ҳамчун Эрон муқобила кунад. Ин амр ба Эрон фурсат медиҳад то ба он посух диҳад. Ин режим бо бархурдорӣ аз як сарзамини таҳти ишғоли кӯчак наметавонд як ҳамлаи бузургеро таҳаммул кунад.
Тармими чеҳраи махдуши Нетаняҳу, ҳадафи аслии ҳамла
Ин таҳлилгари сиёсӣ мӯътақид аст, ки режими ишғолгар барои тармими чеҳраи махдуши нахуствазири худ, Бенямин Нетаняҳу ва эътилофи ифротии ӯ ва Ёав Галлант, вазири ҷанги ин режим, ки таҳдид ба ҳадаф қарор додани шахсиятҳо ва таъсисоти стратегӣ ва муҳимми эронӣ карда буд, як вокуниши намоишӣ ба ҳамалоти Эрон анҷом дод. Саҳнаи минтақа ва талафоти саҳюнистҳо дар ҷабҳаҳои Ғазза ва Лубнон ин режимро бар он дошт то амалиёти сатҳӣ ва маҳдуде анҷом диҳад.