IQNA

Созмони ҳамкории исломӣ таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эронро маҳкум кард

16:00 - October 28, 2024
рақами хабар: 2330
ИКНА - Созмони ҳамкории исломӣ бо судури баёнияе таҷовузи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эронро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши рӯзномаи саудии “Сабақ”, Созмони ҳамкории исломӣ, ҳуҷуми режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба нуқоте дар Ҷумҳурии Исломии Эронро ба шиддат маҳкум кард ва онро нақзи ошкори ҳокимияти миллии Эрон ва ҳуқуқи байналмилал донист.
Дабирхонаи Созмони ҳамкории исломӣ бо интишори баёнияе ҳаргуна танишофариниро, ки мунҷар ба бесуботии бештар дар минтақа шавад, маҳкум кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва неруҳои таъсиргузор хост барои коҳиши таниш ва поён додан ба чархаи хушунат иқдом кунанд.
Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчунин бо таъкид бар мавзеъи собити худ, хостори таваққуфи фаврии таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарии ишғолӣ ва Лубнон шуд.
Равобити умумии қароргоҳи падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон, соатҳои аввалияи субҳи рӯзи шанбе дар иттилоияе эълом кард: Сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоӣ, ҳуҷуми режими саҳюнистӣ ба нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузстон ва Иломро раҳгирӣ ва муқобилаи муваффақ кард.
Дар иттилоияи равобити умумии падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон омадааст: Ба иттилоъи миллати шарифи Эрон мерасоанд, бо вуҷуди ҳушдорҳои қаблии масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими ҷинояткор ва ғайриқонунии саҳюнистӣ мабнӣ бар парҳез аз ҳаргуна иқдоми моҷароҷӯёна, ин режими ҷаълӣ бомдоди имрӯз дар иқдоми танишзо нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузстон ва Иломро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки зимни раҳгирӣ ва муқобилаи муваффақ тавассути сомонаи якпорчаи пдофанди ҳавоии кишвар бо ин иқдоми таҷовузкорона, осебҳои маҳдуде ба бархе аз нуқот ворид шуда, ки абъоди ҳодиса дар дасти баррасӣ аст.
Ба думболи ин иқдоми таҷовузкорона, кишварҳои мухталифе аз ҷумла Туркия, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Покистон, Малайзия, Индонезия, Швейтсария, Иморот, Қатар, Сурия, Урдун, Уммон, Алҷазоир, Бангладеш, Венесуэла, Баҳрайн, Яман, Лубнон, Афғонистон, Молдив, Куейт ва низ Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, таҷовузи низомии режими палид ва кӯдаккуши  саҳюнистӣ ба Эронро маҳкум карда ва онро нақзи ҳокимият ва зерпо гузоштани қавонини байналмилалӣ донистанд.

https://iqna.ir/fa/news/4244705

captcha