IQNA

Ҳифзи Қуръон дар 10 рӯз; Таҷрибаи мунҳасир ба фарди остони Ҳусайнӣ

21:26 - October 29, 2024
рақами хабар: 2335
ИКНА - Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ, коргоҳе барои омӯзиши равишҳои ҳифзи Қуръон бо ҳадафи боло бурдани маҳорати қуръономузон барои ҳифз тайи 10 рӯз роҳандозӣ кардааст.

Ба гузориши остони Ҳусайнӣ, коргоҳи равишҳои ҳифзи Қуръон ба муддати 6 моҳ баргузор шуд ва қуръономузон дар ин коргоҳ муваффақ шуданд суръати ҳифз ва диққати худро ба таври қобили таваҷҷуҳе боло бибранд.

Дар 25 октябри 2024 як озмуни ҳузурӣ таҳти назорати устод Алӣ Ҳодӣ Ал-Муславамӣ, масъули воҳиди кодри омӯзиши остон Ҳусайнӣ баргузор шуд. Ин озмун ба манзилаи як истгоҳи арзёбии бузург барои назорат бар пешрафти қуръономузон буд ва ширкаткунандагон барои дастёбӣ ба аҳдофи ҳифз рекорди хуберо сабт карданд. 

Ин коргоҳ шомили чолишҳои мубтакиронае буд зеро замони ҳифзи як сафҳа барои бисёре аз ширкаткунандагон аз шаш соат ба як дақиқа коҳиш ёфт ва бархе аз онон тавонистанд ҳифзи Қуръони Каримро дар муддати 10 то 25 рӯз ба поён бирасонанд, ки нишондиҳандаи таъсири мусбати ин коргоҳ аст.

Ин коргоҳ ҳамчунин муттакӣ ба таомули электроникӣ аз тариқи Телеграм буд, ки дар он таколифи рӯзона барои қуръономузон ба ҷиҳати пуштибонӣ маҳоратҳои омӯзишӣ ва омӯзиши текникҳои интиқоли иттилоот ба ҳофиза дар ихтиёри қуръономузон қарор мегирифт.

Алӣ Ҳодӣ Ал-Муславамӣ, эълом кард: ширкаткунандгоне, ки тамоми мароҳилро гузарондаанд гувоҳии фориғуттаҳсилӣ дарёфт хоҳанд кард то битавонанд давраҳои ҳифзи Қуръонро дар устонҳои маҳалли сукунати худ роҳандозӣ кунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4244987

captcha