Гузидае аз баёноти Раҳбари олии Эронла ба шарҳи зер аст:
Имрӯз (шанбе) ба расми ҳарсола дар остонаи солрузи 13 обон, ҷамъе аз донишомӯзон ва донишҷӯёни саросари Эрон бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (рҳ) бо раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дидор кард.
Сездаҳуми обон (севуми ноябри 2024) рӯзи миллии "Мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ" дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
45 сол пеш дар чунин рӯзе (сездаҳуми обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ - чаҳоруми ноябри 1979) донишҷӯёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои гуногуни Амрико зидди Инқилоби Исломии Эрон, лонаи ҷосусӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.
13 обон ҳамчунин ёдовари се рӯйдоди муҳим дар се марҳилаи ҳассос аз таърихи Инқилоби Исломии Эрон аст. Ин се рӯйдоди муҳим, "солрузи табъиди ҳазрати Имом Хумайнӣ (рҳ) ба Туркия (13 обони соли 1343 ҳиҷрии шамсӣ - чаҳоруми ноябри 1964)", "куштори донишомӯзон тавассути режими паҳлавӣ (13 обон 1357 - чаҳоруми ноябри 1978 - рӯзи Донишомӯз)" ва "ҳаракати инқилобии тасхири лонаи ҷосусии Амрико дар Теҳрон тавассути донишҷӯёни пайрави хатти Имом Хумайнӣ (рҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон", ки ҳар як нуқтаи сарнавиштсозе дар раванди истикборситезии миллати Эрон аст.