IQNA

Ҳизбуллоҳ хитоб ба Тел-Авив: Ҳеҷ танке бароятон боқӣ нахоҳад монд + филм

18:56 - November 02, 2024
рақами хабар: 2355
ИКНА - Ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) бо интишори паёми тасвирӣ бахшҳое аз суханронии шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳро ёдовар шуд, ки дар он ба режими саҳюнистӣ ҳушдор додааст.

Ба гузориши Ал-Олам Ал-Ҳарбӣ, Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи гузашта бо интишори паёми видеоӣ бо унвони «Ҳеҷ танке бароятон боқӣ нахоҳад монд» бахшҳое аз суханронии шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳро хитоб ба душмани саҳюнистӣ ёдовар шуд.

Насруллоҳ дар 20 июл 2024 дар як суханронӣ, таъкид кард, ки дар сурате, ки танкҳои режими саҳюнистӣ ба Лубнон ва ҷануби ин кишвар ворид шаванд дучори нақс ва мушкили фаннӣ нахоҳанд шуд чаро, ки дигар танке боқӣ нахоҳад монд.

Пас аз гузашти як моҳ аз оғози таҷовузи ин режими палид ва ҷинояткор ба ҷануби Лубнон натанҳо ҳеҷ минтақае ба дасти Тел-Авив наюфтода балки режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба думболи фирор аз ҷануби Лубнон аст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4245658

captcha