Ба гузориши хабарнигори ИКНА, маросими роҳпаймоии рӯзи Явмуллоҳ 13 обон, рӯзи миллии мубориза бо мустакбирони ҷаҳонӣ, бо шиори аслии “Роҳиёни Қудс” ва “Амрико меҳвари шарорат дар ҷаҳон” субҳи имрӯз, якшанбе, 13 обон дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳамзамон донишҷӯён, донишгоҳиён ва мардуми инқилобӣ ва шаҳидпарвари Эрон баргузор шуд.
Миллати Эрон бо таваҷҷуҳ ба 40-уми шаҳодати Сайид Ҳасани Насруллоҳ ва генерал-майор Аббосси Нилфрӯшон бо ҳузур дар роҳпаймоии Роҳиёни Қудс дар рӯзи 13 обон бо мардуми Лубнон ва Фаластин ҳамдардӣ кард ва ёди шаҳидони муқовиматро гиромӣ дошт.
Мардум дар даст акси шаҳидони муқовимат аз ҷумла Сайид Ҳасани Насруллоҳ, Яҳё Синвор, Сайид Ҳошим Сафюддин, Исмоил Ҳания, Сардор Исмоили Нилфӯрошон ва Сардор Сулаймонӣ ва ба хотири ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ва Лубнон ва маҳкум кардани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ бо шиорҳои "Марг бар Амрико" ва "Марг бар Исроил" шиор доданд.