Ба гузориши равобити умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, ҳуҷҷатул-Ислом валмуслимин Муҳаммадмаҳдии Имонӣ, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ гуфт: Ҳамзамон бо гиромидошти чиҳилмин рӯзи шаҳодати «Сайид Ҳасан Насруллоҳ» ҳамоиши байналмилалии мактаби Насруллоҳ 19 обон дар салони иҷлоси сарони Теҳрон баргузор мешавад.
Ҳуҷҷатул-Ислом Имонипур дар нишасти ҳамоҳангии ҳамоиши байналмилалии мактаби Насруллоҳ, ки бо ҳузури намояндагони дастгоҳҳои фарҳангӣ ва дипломатики кишвар баргузор шуд, изҳор кард: бо таваҷҷуҳ ба густурдагии шахсияти шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон лозим буд барномаи байналмилалӣ бо ҳузури соҳибназарон тадорук дида шавад то ҳаққи матлаб барои шинохти ин шаҳид адо шавад.
Вай афзуд: Меҳмонони мутааддиде аз шахсияти барҷастаи хориҷӣ барои ҳузур дар ин ҳамоиш даъват шуд, аммо бо таваҷҷуҳ ба шароити ҳассоси минтақа, беш аз 20 меҳмони хориҷӣ барои ҳузур дар ин ҳамоиш эъломи омодагӣ кардаанд.
Имонипур идома дод: Тибқи барномарезиҳои сурат гирифта, ҳамоиши мактаби Насруллоҳ бо ҳузури меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ ва мудирони аршади низом аз соати 9 субҳ дар ду бахши субҳ ва баъд аз зуҳр баргузор мешавад. Барномаи субҳ мухтаси суханрониҳои умумӣ ва барномаи баъд аз зуҳр шомили панелҳои тахассусӣ аст.
Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, бо таъкид бар ин ки шаҳиди Насруллоҳ чеҳраи фаромӯш нашуданӣ дар таърихи муқовимат аст, гуфт: Интизор дорем ҳамаи дастгоҳҳои муртабит барои ҳимоят аз баргузорӣ ҳар чӣ беҳтар ва фохиртари ин ҳамоиши байналмилалӣ, иқдомоти лозимро анҷом диҳанд.