IQNA

Эъломи натоиҷи барандагони мусобиқоти ҳифз ва қироати Қуръони Биритониё

20:51 - November 05, 2024
рақами хабар: 2369
Эъломи натоиҷи барандагони мусобиқоти ҳифз ва қироати Қуръони Биритониё

 

Эъломи натоиҷи барандагони мусобиқоти ҳифз ва қироати Қуръони Биритониё

Ба гузориши манобеи хабарӣ, мусобиқоти Қуръони Ҳабибурраҳмон аз 31 октябр то 3 ноябр дар Батлии Англис ба сурати онлайн ва ҳузурӣ баргузор шуд. 

Ин мусобиқот дар се бахши ҳифз, қироат ва қироатҳои ҳафтгона баргузор шуд. Бахши ҳифз шомили шохаҳои ҳифзи як то панҷ ҷузъ, як то даҳ ҷузъ, ва як то бист ҷузъ ва ҳифзи комил буд.

Дар бахши ҳифзи кул, Илёс Мулло аз Англис рутбаи аввалро касб кард. Ҳамчунин дар бахши қироат Сабуъ, Бухорӣ Сануси Идрис, 17 сола аз Нигерия рутбаи нахустро касб кард; Абдурраҳмон Тайваш аз Алҷазоир дувум ва Абдуррашид аз Иморот севум шуд.

Дар бахши қироат, қории мисрӣ Аҳмад Асйид Ал-Ғайтонӣ қории 23 солаи мисрӣ рутбаи нахустро ба даст овард.

Аҳмад Сайид, аҳли устони Дамёти Миср аст. Вай тавонист дар байни теъдоди зиёде аз ширкаткунандагон аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла Испания, Марокаш, Биритониё, Индонезия, Алҷазоир, Бангладеш ва Покистон мақоми аввалро касб кунад.

Вай дар бораи ин мусобиқот гуфт: Ин мусобиқот ба муддати як моҳ бо рақобати намояндагони 20 кишвар баргузор шуд. Дар ибтидо 13 қорӣ ширкат доштанд, ки дар ниҳоят 10 қорӣ ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Вай афзуд: алҳамдулиллоҳ аз ин ки тавонистем кишварамон Мисрро сарафроз ва мақоми аввалро касб кунам бисёр хушҳолам.

اعلام نتایج برندگان مسابقات حفظ و قرائت قرآن بریتانیا

Ӯ дар хонаводае, ки ҳамагӣ аз ҳофизони Қуръон ҳастанд ба дунё омад. Вай аз 5 солагӣ ҳифзи Қуръони Каримро оғоз кардааст. Вай афзуд: Падарам ҳофизи Қуръони Карим аст ва дар радио Қуръони Карим фаъолият мекунад. Ӯ ташвиқам кард то ин ки тавонистам монанди ӯ бошам ва Қуръонро ҳифз кунам ва аввалин қироати ман дар сентябри соли гузашта аз радио Қуръони Миср пахш шуд.

Вай ҷавонтарин қории радио Қуръони Карими Миср ба шумор меравад. Ӯ тайи 4 сол озмунҳои сахтеро пушти сар гузошт то ин ки узвияти вай дар радио Қуръони Карими Миср таъйид шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4246435

captcha