Интихоботи соли 2024 дар Иёлоти Муттаҳида як лаҳзаи муҳим барои бисёре аз гурӯҳҳои ҷамъиятӣ аст ва интихобкунандагони мусалмон дар байни онҳо вазъияти печидае доранд.
Тибқи гузориш, интихобкунандагони мусалмон одатан ба Ҳизби Демократӣ такя мекунанд ва аксар вақт ба арзишҳои муштарак дар бораи адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти муҳоҷират истинод мекунанд. Аммо ҳаводиси ахир - бахусус даргириҳои идомадошта дар Ғазза - боиси тағйири чашмгире дар муносибати онҳо шудааст. Ба тавре ки ҷанг дар Ғазза як омили муҳими тафриқа миёни интихобкунандагони мусалмон аст ва вокуниши ҳукумати Байден ба ин бӯҳрон мавриди интиқоди густурдаи ҷомеаи мусалмонон қарор гирифтааст. Бисёриҳо бар ин боваранд, ки кумаки низомии Амрико ба Исроил ба хушунат алайҳи фаластиниҳо мусоидат кардааст ва Байден амалҳои Исроилро ба қадри кофӣ маҳкум накардааст.
Назарсанҷиҳои ахир нишон медиҳанд, ки дар пуштибонии интихобкунандагони мусалмон аз интихоботи соли 2024 тағйироти чашмрасе мушоҳида мешавад. Тибқи назарсанҷии Шӯрои равобити исломии Амрико (CAIR), ки рӯзҳои 30 ва 31 октябри соли 2024 гузаронида шуд, танҳо 41 дарсади интихобкунандагони мусалмон ният доранд, ки аз номзади демократ Камла Ҳаррис пуштибонӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки 42 дарсад аз Ҷил Стейн, номзади Ҳизби Сабз пуштибонӣ кардаанд. Ин нишон медиҳад, ки пуштибонии мусалмонон аз номзадҳои демократ, ки дар интихоботи гузашта аз 80 то 92 дарсад буд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Аз сӯи дигар, напазируфтани номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ (Доналд Трамп) аз сӯи интихобкунандагони мусалмон нишон медиҳад, ки онҳо аз номзадҳои ду ҳизби умда дур шуда, ба номзадҳое рӯ меоранд, ки ба арзишҳои дилхоҳашон наздиканд.