Ба гузориши манобеи хабарӣ, додгоҳи Малмия дар Шветсия, Расмус Палудан сиёсатмадори ифротии шведӣ-даниягиро пас аз маҳкумкрдани ӯ ба нафратпарокании нажодпарастона ба чаҳор моҳ зиндон маҳкум кард.
Додгоҳ Расмус Палуданро пас аз изҳороти тавҳиномез алайҳи мусулмонон, аъроб ва африқоиҳо, ки дар ду барномаи ӯ барои қуръонсӯзӣ дар соли 2022 дар Малмия матраҳ шуда буд, маҳкум кард.
Ба гуфтаи додситонӣ, Расмус Палудан дар ду таҷаммӯъ дар Малмия дар апрел ва сентябри 2022 изҳороти нежодпарастонаеро баён кард, ки мусулмонон, арабҳо ва африқоиҳоро ҳадаф қарор медод.
Дар ҳамин робита додситонӣ эълом кард, ки Расмус Палудан дар яке аз ин ду таҷаммӯъ иқдом ба беҳурматӣ Қуръони Карим ва оташ задани он кард.
Додгоҳ илова бар нафратпрокании нажодӣ, Расмус Палуданро ба ҷурми тавҳин ба марде ба номи Лонг Конте маҳкум кард ва ӯро ба пардохти ғаромати молии 40 ҳазорӣ ба ин мард маҳкум кард.
Лонг Конте, ки дар Малмия зиндагӣ мекунад, алайҳи Палудан шаҳодат дод ва изҳор дошт, ки ин сиёсатмадори ифротии шведӣ-даниягӣ, иборати «ба Африқо баргард»-ро 35 бор дар муқобили ӯ такрор карда ва гуфтааст, ки африқоиҳо ба Шветсия тааллуқ надоранд.
Ин дарҳоле аст, ки вакили мудофеъи Палудан гуфтааст, ки изҳороти муваккилаш бар хилофи арзёбии додситони марбут ба Ислом аст на мусулмонон, аммо додгоҳ мӯътақид аст иқдомоти Палуданро наметавон ба унвони интиқод аз Ислом ё як кампайни сиёсӣ тавҷеҳ кард.
Николас Судербери, раиси додгоҳе, ки Палуданро муҳокима кард, дар баёнияе гуфт: Изҳороти интиқодӣ дар бораи Ислом муҷоз аст, аммо онҳо бояд дар чорчуби баҳсҳои айнӣ боқӣ бимонад. Дар ин маворид марбут ба Палудан, чунин баҳсе набуд. Балки ин изҳорот ба манзилаи дашном ва тавҳин ба мусулмонон буд.
Палудан дорои тобеияти дугонаи шведӣ-данияг аст ва дар Шветсия ба далели созмондеҳии таҷаммӯъоте барои сӯзондани Қуръон қабл аз интихоботи парлумонӣ дар соли 2022 машҳур буд.
https://iqna.ir/fa/news/4246588