IQNA

Тиловати нафари нахусти мусобиқоти Қуръони Англис + филм

18:44 - November 08, 2024
рақами хабар: 2383
ИКНА - Филме аз тиловати Аҳмад Ас-Сайид Ал-Ғайтонӣ, қории ҷавони мисрӣ аз сураи Ҳуд, ки дар мусобиқоти Қуръони «Ҳабибур-раҳмон»-и Англис мақоми нахустро касб кард, дар фазои маҷозӣ мунташир шудааст.

Ба гузориши ИКНА, мусобиқоти Қуръони «Ҳабибур-раҳмон» аз 31 октябр то 3 ноябр дар Батли Англис ба сурати онлайн ва ҳузурӣ баргузор шуд.

Дар бахши қироат, Аҳмад Ас-Сайид Ал-Ғайтонӣ, қории 23 солаи мисрӣ рутбаи нахустро ба даст овард.

Аҳмад Ас-Сайид Ал-Ғайтонӣ, аҳли устони Дамиати Миср аст. Вай тавонист дар байни теъдоди зиёде аз ширкаткунандагон аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла Испания, Марокаш, Биритониё, Индонезия, Алҷазоир, Бангладеш ва Покистон мақоми аввалро касб кунад.

Вай пеш аз ин ҷавоизи зиёдеро дар мусобиқоти Қуръон ба даст овардааст ва дар мусобиқоти байналмилалии Мафоза 2019 ва мусобиқоти байналмилалии Сайид 2020 мақоми аввал ва дар мусобиқоти байналмилалии Катара 2022, мақоми севумро аз они худ кард. 

Дар идома филми тиловати Аҳмад Ас-Сайид Ал-Ғайтонӣ, аз оёти 16 то 18 сураи Ҳудро хоҳед дид.

وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا فِيهَا وَبَاطِلٌ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ، أَفَمَنْ كَانَ عَلَى بَيِّنَةٍ مِنْ رَبِّهِ وَيَتْلُوهُ شَاهِدٌ مِنْهُ وَمِنْ قَبْلِهِ كِتَابُ مُوسَى إِمَامًا وَرَحْمَةً أُولَئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِ وَمَنْ يَكْفُرْ بِهِ مِنَ الْأَحْزَابِ فَالنَّارُ مَوْعِدُهُ فَلَا تَكُ فِي مِرْيَةٍ مِنْهُ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكَ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ، وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَى عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أُولَئِكَ يُعْرَضُونَ عَلَى رَبِّهِمْ وَيَقُولُ الْأَشْهَادُ هَؤُلَاءِ الَّذِينَ كَذَبُوا عَلَى رَبِّهِمْ أَلَا لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ

код

https://iqna.ir/fa/news/4246720

captcha