Ба гузориши сайти радио Ал-Ҷазоир, Созмони ҳамкории исломӣ дар Ню-Йорк рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар баёнияе эълом кард: Иқдомоти таҷовузкоронаи режими Исроил нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин нақзи ҷиддии ҳокимият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчунин нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Ироқ тавассути режими Исроилро, ки барои анҷоми амали таҷовузкорона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳарими ҳавоии ин кишвар истифода кардааст, ба шиддат маҳкум мекунад.
Ин Созмон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва соири кишварҳои осебдида тибқи ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид, ҳаққи зотии худро барои ҳифозат аз ҳокимият, тамомияти арзӣ, амният ва мардуми худ доранд.
Созмони ҳамкории исломӣ бори дигар ҳушдор дод, ки ҷиноёти мустамари режими ишғолгар ва ғайриқонунии Исроил дар арозии ишғолии Фаластин, ба вижа дар Навори Ғазза ва Лубнон, ва ҳамчунин фаъолиятҳои бадхоҳонаи он дар минтақа, сулҳ, амният ва саботи минтақаиро таҳдид мекунад.
Ин Созмон хостори мудохилаи фаврӣ ва муассири Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба унвони масъули аслии ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст.