IQNA

Ҳузури 31 мутасобиқ дар нахустин мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Ироқ

20:08 - November 09, 2024
рақами хабар: 2389
ИКНА - Мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карим, мавсум ба ҷоизаи Қуръони Ироқ шанбе бо мушорикати 31 мутасобиқ аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба мизбонии Бағдод баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ, Рофеъ Ал-Омирӣ, мудири маркази миллии улуми Қуръони Ироқ ва узви кумитаи олии баргузории мусобиқот эълом кард аввалин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карим бо ҳамкории Созмонҳои вақфи шиъа ва суннӣ аз фардо шанбе, ба мизбонии Бағдод баргузор мешавад.

Рофеъ Ал-Омирӣ, бо ишора ба ин ки ин мусобиқа аввалин иқдом дар Ироқ дар сатҳи давлатӣ аст, эълом кард Муҳаммад Судонӣ, нахуствазири Ироқ бо баргузории ин мусобиқот дар нӯҳуми моҳи ҷорӣ дар Бағдод мувофиқат кардааст.

Вай афзуд: 31 нафар аз қориёни Қуръони Карим аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар ин дӯр аз мусобиқот ширкат хоҳанд кард.

Ин мақоми Ироқи ҳадафи аслии ин мусобиқотро барҷаста кардани мероси Қуръонии Ироқ ва ташвиқ ба қироат ва ҳифзи Қуръони Карим эълом кард.

Рофеъ Ал-Омирӣ тасреҳ кард: Ин мусобиқа шомили қироат ва ҳифзи Қуръон аст ва ҳар бахш доварии хосси худро дорад.

Вай баён кард, ки ин мусобиқа дар ду марҳала анҷом мешавад, ки дар марҳалаи муқаддамотӣ тамоми қориён ва ҳофизон дар он ҳузур меёбанд ва дар марҳалаи дувум панҷ нафари бартар ба рақобат мепардозанд.

Бино бар эъломи мудири маркази миллии улуми Қуръони Ироқ, ҷавоизи нафисе барои барандагони ин мусобиқот дар назар гирифта шуда ва ин рақобатҳо бо шиори (Аз Бағдод намоди тамаддун ва Ислом то Ғазза намоди муқовимат ва Лубнон намоди ҷиҳод; Бо Қуръон, пирӯзӣ ва пойдорӣ) баргузор мешавад.

Дар ин давра, ки дар ду риштаи ҳифз ва қироат баргузор мешавад, ду ширкаткунанда аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур доранд. Дар риштаи қироати таҳқиқ, Маҳдии Шоиқ ва дар риштаи ҳифзи кул низ Алии Ғуломозод ҳузур доранд.

Ҳамчунин Қосими Разеъӣ ва Муътази Оқоӣ ду довари байналмилалии кишварамон низ дар гурӯҳ ҳастанд.

https://iqna.ir/fa/news/4246983

captcha