Сиву шашумин сураи Қуръони Карим “Ёсин” номда мешавад. Ин сура бо 83 оят дар ҷузъҳои 22 ва 23 қарор дорад. “Ёсин” аз сураҳои макӣ аст, ки дар тартиби нузул, чиҳилу якумин сурае аст, ки бар Паёмбар Ислом(с) нозил шудааст.
Ин сура бо ҳуруфи муқаттиаи “Ё ва Син” оғоз шуда ва ба ин ном машҳур аст. Тибқи ривоёт, сураи Ёсин яке аз бофазилаттарин сураҳои Қуръон аст, то онҷо, ки “Қалби Қуръон” лақаб гирифтааст.
Бинобар назари бархе соҳиб назарон, сураи “Ёсин” аз ин ҷиҳат қалби Қуръон номида шудааст, ки тамоми матолиб ва мабоние, ки дар кулли Қуръони Карим омада, дар ин сура матраҳ шуда ва агар фарде бар оёти он диққат дошта бошад, гӯё ҳамаи Қуръонро дарк кардааст.
Сураи “Ёсин” замоне нозил шуд, ки мушрикон масъалаи маодро инкор мекарданд. Худованди мутаол ин сураро дар ҷавоби онҳо нозил фармуд.
Сураи Ёсин ба се асли дин яъне тавҳид, набувват ва маод мепардозад ва дар бораи зиндашудани мурдагон ва сухангуфтани аъзои бадан дар қиёмат сухан мегӯяд. Ҳамчунин достони асҳоби Қаря ва мӯъмини Оли Ёсин дар ин сура омадааст.
Дар ин сура ба се асли дин тавҳид, набувват ва маод ишора шудааст. Оёти оғозин ба масъалаи набувват ва фалсафаи он ва бархурди мардум бо даъвати Паёмбарон мепардозад. Ҳол мардумро дар қабул ва радди даъвати Анбиё баён мекунад, ки натиҷаи даъвати ҳаққи Анбиёъ, эҳёи мардум аст ва инки фақат касоне, ки ин даъватро бипазиранд дар роҳи саодат қарор мегиранд.
Сипас оёте дар бораи тавҳид омада, ки нишонаҳое аз ваҳдонияти Худоро баршумурдаанд. Пас аз он, масъалаи маод ва зинда шудани мурдагон дар қиёмат барои гирифтани ҷазо ва ҷудошудани муҷримон аз парҳезкорон омада ва гуфта шудааст аъзо ва ҷавориҳ дар он рӯз ба сухангуфтан дармеоянд.
Бахши марбут ба маод, муҳиммтарин бахши ин сура аст, ки ба далоили гуногун маод ва чигунагии равобит ва саволу ҷавоб дар рӯзи қиёмат ва поёни ҷаҳон ва биҳишт ва дӯзах мепардозад. Дар миёни ин баҳсҳо, оёти такондиҳанда барои бедорӣ ва ҳушёрии ғофилон ва бехабарон омадааст.
Саранҷоми оёти поёнии сура, ҳоли муҷримон ва парҳезкорон дар он рӯзро тавсиф мекунанд. Дар охири сура ҳам хулосаои аз усули сегонаи дин яъне тавҳид, набувват ва маод омада ва бар онҳо истидлол шудааст.
Дар ин сура ба достони се фиристодае мепардозад, ки ба шаҳре барои даъвати ба Худопарастӣ ворид шуданд; Аммо мардуми онҷо даъвати ин се фиристодаро напазируфтанд. Дар манобеъ омадааст онҳо фиристодагони Худо ё фиристодагони ҳазрати Исо(а) буданд. Дар ин миён марде ба он фиристодагон имон овард ва мардумро ба табаият аз онҳо даъват кард; Аммо мардуми шаҳр ӯро куштанд ва пас аз ин моҷаро, гирифтори азоби илоҳӣ шуданд. Номи ин шахс дар Қуръон зикр нашудааст; Аммо дар манобеи ҳадисӣ ва тафосир номи ӯро “Ҳабиби Наҷҷор” гуфтаанд ва аз вай ва имонаш таҷлил шудааст.
Маҳалли дафни ӯ дар бозори Антокия дар кишвари Туркия аст.