IQNA

Таҷлил аз бартаринҳои мусобиқоти байналмилалии Қуръони Маскав / Эрон, бидуни рутба + филм

20:30 - November 10, 2024
рақами хабар: 2395
ИКНА - Бисту дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Маскав, ки бо ҳузури ширкаткунандгоне аз 30 кишвари ҷаҳон дар масҷиди ҷомеъи ин шаҳр баргузор шуд бо таҷлил аз бартаринҳо ба кори худ поён дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шаҳри Маскав аз 6 то 8 ноябр мизбони бисту дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон буд, ки яке аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом ба шумор меравад.

Ин мусобиқот аз сӯи идораи маънавии мусулмонони Федератсияи Русия бо мушорикати вазорати авқоф ва умури исломии кишвари Қатар баргузор шуд ва ширкаткунандгони аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон дониш ва маҳорати худро дар ҳифзи Қуръони Карим ба намоиш гузоштанд.

Дар ин давраи рақобатҳо Суҳайб Муҳаммад Абдулкарим Ҷабраил аз Либия, Абдулазиз Абдуллоҳ Ал-Ҳумрӣ аз Қатар ва Азиз Яҳё Саид Султон аз Яман ба тартиб рутбаҳои аввал то севумро аз они худ карданд. 

Ин дарҳоле аст, ки Муҳаммадрасул Такбирӣ, ҳофизи кулли Қуръон ва намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз касби рутба дар ин давраи рақобатҳо боз монд. 

Маросими ихтитомияи ин давра аз мусобиқот ҷумъа, дар салони кансерти ҳутели Касмоси Маскав баргузор шуд. 

Равшани Аббосов, муфтии Маскав зимни хайрамақдам, ҳамаи ширкаткунандагон ва алоқамандон ба ҳунари исломӣ ва Қуръониро ба боздид аз намоиши маънавӣ «ганҷинаҳои Қуръон» даъват кард. Тибқи як суннати ҳасанаи роиҷ, дар ин маросим билети зиёрати умра байни ҳозирон ба қайди қуръа тавзеъ мешавад.

код

Муфтии Маскав дар хотима аз муфтӣ шайх Ровил Айнуддин барои баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръони Маскав ташаккур ва аз шуракои қатарӣ Аҳмад Носир ва шайх Ҷобир барои ҳимоят аз ин рӯйдоди маънавӣ қадрдонӣ кард.

https://iqna.ir/fa/news/4247289

 

captcha