IQNA

Баргузории намоишгоҳи «Ҷаҳони Қуръон» дар масҷиди ҷомеъи Маскав

20:50 - November 10, 2024
рақами хабар: 2397
ИКНА - Намоишгоҳи «Ҷаҳони Қуръон» аз рӯзи шанбе, бо ҳамкории Қатар дар масҷиди ҷомеъи Маскав баргузор мешавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, намоишгоҳи «Ҷаҳони Қуръон» ва ҷашнвораи «ҳафтаи синмои исломӣ» аз рӯзи шанбе, дар ростои барномаи муштараки Русия ва Қатар дар масҷиди ҷомеъи Маскав (масҷиди бузурги Маскав) оғоз мешавад ва то 14 ноябр идома дорад. 

Равшан Аббосов, раиси кумитаи баргузории мусобиқаи байналмилалии қироати Қуръони Маскав ва ноибраъиси идораи динии мусулмонони Русия бо эъломи ин хабар гуфт: Ин намоишгоҳ шомили барномаҳои вижаи кӯдакон ва бузургсолон хоҳад буд ва боздидкунндагон метавонанд дар он бо фазои Макка ва Мадинаи замони Паёмбар(с) ошно шаванд.

Вай афзуд: Ҷашнвораи ҳафтаи синамои исломӣ низ ҳамзмон бо намоишгоҳ бо ҳадафи муаррифии тавлидоти синмои исломӣ дар масҷиди ҷомеъи Маскав баргузор хоҳад шуд.

Гуфтнӣ аст, бистудумин мусобиқаи байналмилалии қироати Қуръони Маскав аз шашум то ҳаштуми ноябри 2024 бо мушорикати қориёни беш аз 30 кишвар аз ҷумла 9 кишвари африқоӣ дар масҷиди ҷомеъи Маскав баргузор шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4247182

captcha