Ба гузориши манобеи хабарӣ; Артиш режими саҳюнистӣ, ки дар сояи ҷанги фарсоишии Навори Ғазза ва Лубнон ва афзоиши талафот, ба шиддат бо мушкили камбуди неру мувоҷеҳ аст ба манзури ташвиқи саҳюнистҳо барои пайвастан ба неруҳои захира, қасд дорад, муддат замони хидмат дар неруҳои захираро коҳиш диҳад.
Ин тасмим пас аз коҳиши ғайримаъмули теъдоди мутақозиёни хидмат барои артиши ишғолгар, иттихоз шуд. Дар ҳамир росто шабакаи I24 режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки артиши ишғолгар, муддати хидмати амалиёти гурдони захираро аз миёнгини 20 ҳафта дар соли 2024 ба 9 ҳафта дар соли 2025 коҳиш медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, фармондеҳи артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими саҳюнистӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши фишор бар сарбозони захира, тасмим гирифта, ки хидмати онҳо дар як давраи пушти сари ҳам ва на муҷаззо сурат гирад.
Дар ҳамин росто, рӯзномаи Едиот Аҳаронот навишт, ки артиш ба шиддат нигарони коҳиши 15 то 25 дарсадии хидмати неруҳои захира аст.
Ин рӯзнома навишт, ки теъдоди сарбозони захирае, ки дастуроти эъзом ба хидматро иҷро мекунанд ҳудуди 20 дарсад коҳиш ёфтааст ва ҳазорон сарбоз аз неруҳои захира бо хидмати низомӣ мухолифат ва саркашӣ мекунанд.
Ба навиштаи Едиот Аҳаронот, далели аслии коҳиши тамоюл ба хидмат дар неруҳои захира бар асоси арзёбиҳои артиш, фарсоиш ва хастагии шадид ва истифодаи густурда аз сарбозони захира аст. Амре, ки интизор меравад то соли 2025 идома ёбад.
Рӯзнома исроилии Ҳиюм низ чанд ҳафта пеш гузориш дод, ки 13 ҳазор сарбози захира аз маҷмӯъи 17 ҳазор нафар, аз адами тамоюли худ барои хидмати муҷаддади низомӣ хабар додаанд.
Шабакаи Кон низ гузориш дод, ки неруҳои захира бо душвориҳои зиёде мувоҷеҳ ҳастанд, аз як су мехоҳанд, ки дар ҷабҳа ҳузур дошта бошанд ва аз тарафи дигар мехоҳанд ҷонашонро ҳифз кунанд. Бисёре аз онҳо, хонаводаҳои худ ва шуғлҳояшонро аз даст додаанд.
Артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил дар сояи афзоиши ихтилофоти дохилӣ бо камбуди шадиди неруи низомӣ ва мухолифати Ҳаридиҳо барои эъзом ба хидмати низомӣ мувоҷеҳ аст ва илова бар он, дар беш аз яксоли гузашта, ба далели даргирӣ дар ҷабҳаҳои мухталиф талафоти зиёде додааст ва дар айни ҳол дучори фарсоиши шадиде шудааст.
Дар ҳамир робита ва бар асоси баррасии назарсанҷиҳои нав дар сарзаминҳои ишголшудаи Фаластин нишон медиҳад, ки афкори умумии саҳюнистӣ дар бораи ҷанги зидди Лубнон ва Навори Ғазза ба таври ҷиддӣ тақсим шудааст; ин ба он маъност, ки иддае аз саҳюнистҳо аз ҷанг ҳимоят мекунанд, дар ҳоле, ки бархеи дигар алайҳи ҷанги ҷиноии режими саҳюнистӣ ҳастанд.
Бар асоси назарсанҷиҳои ҷадид дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин нишон медиҳад, ки афкори умумии саҳюнистӣ дар бораи ҷанги зидди Лубнон ва Навори Ғазза дучори ихтилофи шадид шуда аст ба ин маъно, ки бархе аз саҳюнистҳо аз ҷанг ҳимоят мекунанд дарҳоле, ки бисёри дигаре аз онҳо мухолифи ҷанги ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ҳастанд.
Ба гузориши рӯзномаи саҳюнистии “Haaretz”, 7,5 дарсади дигари саҳюнистҳо гуфтаанд, ки намедонанд руйкарди дуруст чист.
Ҳамчунин, бар асоси ин назарсанҷӣ, 43,5 дарсади саҳюнистҳо муътақиданд, ки ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ҳадафҳои Эрон дар посух ба ҳамлаи мушакии болестикии густурдаи Теҳрон дар рӯзи 1 октябр хеле заиф буданд ва танҳо 3,5 дарсади пурсидашудагон муътақиданд, ки ҳамла хеле қавӣ буда аст.
https://tajikpress.com/2024/11/12/